Дар веломарафони навбатии Душанбе ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист 5 июн дар Душанбе веломарафон доир мегардад. Ин ҷашн аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ соли 1972 таъсис дода шуда, яке аз чорабиниҳои муҳими сол дар соҳаи экология ба шумор меравад. Веломарафаон таҳти шиори “Веосипед барои табиат” доир гардида, муҳимияти истифодаи навъҳои аз лиҳози экологӣ тозаи нақлиётро таъкид месозад. […]

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист 5 июн дар Душанбе веломарафон доир мегардад. Ин ҷашн аз ҷониби Маҷмааи кулли СММ соли 1972 таъсис дода шуда, яке аз чорабиниҳои муҳими сол дар соҳаи экология ба шумор меравад.

Веломарафаон таҳти шиори “Веосипед барои табиат” доир гардида, муҳимияти истифодаи навъҳои аз лиҳози экологӣ тозаи нақлиётро таъкид месозад.

Иштирокчиёни веломарафаон соати 8:00 аз маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ба ҳаракат оғоз намуда, бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то чорраҳаи буриши кӯчаи Карамов (бо роҳи “бетонка” то “Товус”) мераванд ва бозпас боз то “Наврӯзгоҳ” бармегарданд.

Ҳамаи касоне, ки хоҳиши иштирок дар веломарафонро доранд, бояд пешакӣ аз қайд гузаранд, ки як соат пеш аз оғозои он шурӯъ мешавад.

Ҳамаи хоҳишмандон дар веломарафон иштирок карда метавонанд. Дар ҳар як номинатсия ғолибону пешсафонро ҷоизаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.

Ҳамчунин дастандаркорони чорабинӣ барои фаъолтарин иштирокчии веломарафон ҷоизаи махсус таъсис додаанд.

Чорабинӣ бо ибтикори шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ бо дастгирии молиявии шарики кулли мусобиқа – Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ширкатҳои Tcell ва «Сиёма» сарпарастон, Федератсияи велосипедронони Тоҷикистон – шарики тадорукотӣ ва Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” шарики иттилоотӣ мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.