Нахустин касе, ки аз Тоҷикистон қуллаи Эверестро фатҳ кард

Ҷаҳонгард Виталий Хинензон аввалин шуда аз тоҷикистониён қуллаи баландтарини сайёра Ҷамолунгма (Эверест)-ро фатҳ кард. Баландии ин қулла 8848 метр аст. Дар ҳайати гурӯҳи интернатсионалӣ Виталий Хинензон ба сафари Ҳимолой раҳсипор шуд, ки 11 апрел аз шаҳри Катманду дар Непал оғоз гардид. Сафари фатҳи ин қулла бо мусоидати маҳфили украинии “Кулуарпоход” баргузор шуд. Виталий ҷашонгарди соҳибтаҷриба […]

Ҷаҳонгард Виталий Хинензон аввалин шуда аз тоҷикистониён қуллаи баландтарини сайёра Ҷамолунгма (Эверест)-ро фатҳ кард. Баландии ин қулла 8848 метр аст.

Дар ҳайати гурӯҳи интернатсионалӣ Виталий Хинензон ба сафари Ҳимолой раҳсипор шуд, ки 11 апрел аз шаҳри Катманду дар Непал оғоз гардид.

Сафари фатҳи ин қулла бо мусоидати маҳфили украинии “Кулуарпоход” баргузор шуд.

Виталий ҷашонгарди соҳибтаҷриба буда, ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ ба сайёҳии кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ машғул аст.

Ӯ дар сафари фатҳи қуллаҳо дар Қафқозу Помир иштирок карда, ба фатҳи қуллаҳои баландиашон 5 ҳазор метрии Казбек, Элбрус ва 7 ҳазор метрии Исмоии Сомонӣ, Сино ва Озодӣ (собиқ Ленин, Коммунизм ва Корженевский) ноил гардидааст.

Фатҳи Эверест ҳанӯз соли гузашта тарҳрезӣ шуда, лекин бар асари пандемияи ҷаҳонии COVID-19 лозим омад, ки ба вақти дигар мавқуф гузошта шавад.

Лаҳзаҳои бештар мароқовари фатҳи қулла нахустин сафарҳои кӯҳнавардон ба Эверест аз як қатор кишварҳо – Тоҷикистону Молдова, Қирғизистону Беларус, Исроил ва дигар давлатҳо мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.