Раиси Федератсияи муҳоҷирон: “Фармони нав – имкони бесобиқаи қонунӣ кардани будубош аст”

Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов зикр кард, ки дар фармони нав “Дар бораи тадбирҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия дар давраи бартараф намудани оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)» як қатор меъёрҳое мавҷуданд, ки ба сабти ҳуқуқҳои муҳоҷирон имкон медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, дар фармонҳои пешина […]

Asia-Plus

Раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов зикр кард, ки дар фармони нав “Дар бораи тадбирҳои муваққатӣ оид ба танзими мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия дар давраи бартараф намудани оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)» як қатор меъёрҳое мавҷуданд, ки ба сабти ҳуқуқҳои муҳоҷирон имкон медиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар фармонҳои пешина доир ба тамдиди муҳлати ҳузури муваққатии муҳоҷирон дар Русия чунин меъёрҳо набуданд.

“То 30 сентябри соли 2021 дар бораи ихроҷ, истирдод ва манъи вуруд қарорҳо қабул намешаванд. Ин дар фармон мушаххас зикр шудааст. Яъне агар муҳоҷир ба даст афтад, ҷаримабандӣ мешавад. Ва лаҳзаи дигар: то 30 сентябр шумо бо аризаи ба таври одӣ навишташуда метавонед ба шуъбаи масоили муҳоҷират муроҷиат намуда, ҳузури худро қонунӣ кунед”, – шарҳ додааст Коженов.

Раиси Федертсия гуфтааст, чун ихроҷ манъ шудааст, пас агар шаҳрванди хориҷӣ муддати чандин сол ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ карда бошад ҳам, ҷаримабандӣ мешавад ва сарфи назар аз ин ҳама, ӯро ба қайди муҳоҷират мегузоранд.

Коженов аз ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ даъват намудааст, ки ҳузурашонро қонунӣ кунанд, чунки ба гумони ғолиб, ин сабукӣ барои муҳоҷирон дер давом намекунад. Ҳамаи паҳлӯҳои ин масъаларо ӯ дар навори видео дар шабакаи Федератсия шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи фармони нав, муҳлати ҳузури муваққатии муҳоҷирон дар Русия бидуни таҳрим то 30 сентябри соли 2021 тамдид шуд. Тибқи матни санад, агар хориҷиён ба қонуншиканӣ даст назада бошанд, онҳо то 30 сентябр ихроҷ карда намешаванд.

Аммо хориҷиёне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод мешаванд, истисно мебошанд. Ҳамчунин хориҷиёне, ки қонунгузориро дар бораи сарҳади Русия риоя накардаанд ё ба амнияти миллӣ хатар эҷод мекунанд, низ ба ин категорияи истисно дохил мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.