46 миллион сомонӣ: зарари ниҳоии сел дар Кӯлоб

Пас як моҳи сар задани селхезиҳои пурхисороту пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб, мақомот зарари расида аз ин офатҳои табиро 46 миллион сомонӣ эълон карданд. Бар пайи ин ҳисорот дар шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расида буд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарари селхезӣ дар шаҳри Кӯлобро 46 миллион сомонӣ (муодили 4 миллион доллар), эълон кард. […]

Пас як моҳи сар задани селхезиҳои пурхисороту пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб, мақомот зарари расида аз ин офатҳои табиро 46 миллион сомонӣ эълон карданд. Бар пайи ин ҳисорот дар шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расида буд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарари селхезӣ дар шаҳри Кӯлобро 46 миллион сомонӣ (муодили 4 миллион доллар), эълон кард. Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса 43 хона пурра ва 102 хонаи дигар қисман зарар дидаанд.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки дар селхезии Кӯлоб 4 мактабу боғча, 6 километр роҳ, 10 пул, наздик ба 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор ва 500 метор қубурҳои обгузар, осеб дидаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, бар асари ин ҳодиса дар деҳоти атрофи шаҳр ҳазорҳо чорвои сокинон талаф ёфта, 136 гектар майдонҳои кишт аз байн рафтааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми июн ба Кӯлоб рафт ва бо сокинони осебида аз ин офати табиӣ мулоқот кард

Мақомот гуфтанд, ки то моҳи август барои ҳама онҳое, ки манзилҳояшон пурра тахриб шудаанд, хонаҳои нав месозанд. Мақомот мегӯянд, ки аз рӯзҳои аввали рух додани ин ҳодиса, ҳукумат ба кӯмаки зарардидагон шитофт ва ба ҳамаи хонаводаҳои осебдида (1725 оила) кӯмакҳои моддӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ, ҷиҳози хона, сару либос, масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ расонд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, офати табиии рӯзи 11-уми май дар умум ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар зарар расонда, дар чаҳор шаҳру ноҳия боис ба марги 9 нафар шуд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ осеб расонд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.