Номаи Озарахш ба Зарифмо Асламшоева: Мусоҳибаи туро бо «Азия Плюс» хонда ашкам равон шуд

Зарифмои азиз! Мусоҳибаи туро бо мухбири «Азия Плюс» хонда ашкам равон шуд. Чӣ қисмате. Гумон мекунӣ бузургтарин филмноманавис сенарияашро навишта. Даҳшатҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ. Муҳоҷират аз ночорӣ. Fурбат. Оворагӣ дар мамлакати бегона. Ҷустуҷӯи роҳи наҷот… Омӯзиш, кор, пайкор. кушоишҳо. Ва ғалаба бар сахтиҳои тақдир. Чашидани шаҳди меваи орзу… Ҳамаи ин дар як назар бо нақли […]

Озарахш, Шоири халқии Тоҷикистон

Зарифмои азиз!

Мусоҳибаи туро бо мухбири «Азия Плюс» хонда ашкам равон шуд.

Чӣ қисмате. Гумон мекунӣ бузургтарин филмноманавис сенарияашро навишта. Даҳшатҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ. Муҳоҷират аз ночорӣ. Fурбат. Оворагӣ дар мамлакати бегона. Ҷустуҷӯи роҳи наҷот…

Омӯзиш, кор, пайкор. кушоишҳо. Ва ғалаба бар сахтиҳои тақдир. Чашидани шаҳди меваи орзу…

Ҳамаи ин дар як назар бо нақли як модари тоҷик ба як хабарнигор мегузарад. Аммо ба гуфтан осон аст. Чӣ қадар ашку хандаҳо, дарду дармонҳо, шабу рeзони сиёҳу сафед пинҳонанд паси ин ҳарфҳо….

Зарифмои нотакрор ва беназир! Офарин ба ту, ба матонат ва сабру таҳаммулат. Худованд муъҷизаҳояшро дар тимсоли ту ва онҳое, ки мисли ту беназиранд, нишон медиҳад. Барои хешовандон, ҳамватанон, дӯстон, душманон, барои ҳамаи мардуми олам, ки биомӯзанд орзу карданро, дӯст доштанро, зинда буданро.

Ва бидонанд, ки ҳамеша роҳи ҳалли мушкилот ҳаст. Ба қавли Аллома Иқболи Лоҳурӣ «Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст»

Дар бораи ту, духтари донову ояндасозат Дилафрӯз зиёд менависанд. Имрӯз, фардоҳо..

Ман ҳам дар ин мавзӯъ гуфтании бисёр дорам, аммо ҳоло бо чанд савол ин номаи худро ба охир мерасонам, зеро мехоҳам он таманное, ки дар дил ҳамчун як ҳамватани ту дорам, бо чашмони худ бубинам. Дар симои ту ва аҳли оилаи арҷмандат.

Зарифмо,

Боре ту эҳсос кардӣ, ки дар Бадахшон аввалин гӯяндаи телевизион буданат аввалин симо дар ҳамаи телевизионҳои олам намудат?

Оё дарк намудӣ, ки лаҳзаи дар фурудгоҳ писараки кӯчаки ту дар акси рангине аз китобе дар байни ашёи пошхурда ояндаи рангини падару модар ва пайвандонашро дида?

Ва ту бовар дорӣ, ки пайвандоне аз ҳамон нафароне, ки шиносномаатро дида бедардона «помирӣ…» гуфтанд, имрӯз дар куҷое бо акси ту ё духтарат, ҳамоне, ки дар кишваре чун Амрико ба пояҳои баланди идорӣ расидааст ва бо чеҳраи ориёии худ менозаду бо шеваи шуғнӣ ҳарф мезанад, вомехӯранду ифтихор мекунанд: « Тоҷик аст. Аз Бадахшони мо. Аз табори Шириншо Шотемур.»

Оё медонӣ, ки дар зодгоҳат, дар Тоҷикистони азизат ҷои туву ҳамсари муҳандисат ва пайвандони сарбаландат ҳамеша холист?…

Ва оё медонӣ, ки он пайкарае,ки дар тахайюл барои духтари тоҷик, модари тоҷик сохтаӣ ва мехоҳӣ дар Ватан бапо созӣ,

пайкараи худи туст?

Пайкараи Модаре дар баландӣ ҳампояи Боми Ҷаҳон, Бадахшони Тоҷикистон.

Бо дуруд Толиб Карими Озарахш.

Шоири халқии Тоҷикистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.