Моҳи май болоравии нарх дар Тоҷикистон сусттар идома ёфт

Нархҳои истеъмолӣ дар моҳи майи соли 2021 ба андозаи 0,5% боло рафтанд, ки 0,2 банди фоизӣ нисбат ба моҳи апрели ҳамин сол пасттар аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Таварруми моҳи гузашта дар ин сатҳ дар натиҷаи болоравии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 1,2% ба вуҷуд омад. Дар ҳамин ҳол, нархи маҳсулоти ғайриозуқа […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нархҳои истеъмолӣ дар моҳи майи соли 2021 ба андозаи 0,5% боло рафтанд, ки 0,2 банди фоизӣ нисбат ба моҳи апрели ҳамин сол пасттар аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Таварруми моҳи гузашта дар ин сатҳ дар натиҷаи болоравии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 1,2% ба вуҷуд омад.

Дар ҳамин ҳол, нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар моҳи май ба андозаи 0,2% поин рафта, таърифаҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ бетағйир боқӣ монданд.

Қобили зикр аст, ки соли равон пас аз авҷи болоравии нархҳои истеъмолӣ дар моҳи март дар сатҳи 1,8%, моҳи апрел сустшавии он то 0,7% сабт шуд.

Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ дар маҷмӯъ 4,4%-ро ташкил дод, ки қариб дар як сатҳ – 4,3% бо ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Аз оғози соли ҷорӣ арзиши маҳсулоти хӯрокворӣа 6,5%, маҳсулоти ғайриозуқа – 2,7% ва тарифҳои хизматрасониҳои пулакӣ – 1,1% боло рафт.

Нишондиҳандаи ҳадафнок барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.

Соли 2020 низ аз болоравии нарху таърифаҳо дар ҳамин сатҳ интизорӣ мерафт, лекин дар ҷамъбасти сол сатҳи таварруми рекордӣ тайи даҳ соли охир – 9,4% ба қайд гирифта шуд.

Коршиносон бо беҳбуди вазъи марбут ба пандемия минбаъд низ сустшавии болоравии нархҳои истеъмолиро пешгӯйӣ мекунанд.

Чӣ аз ҳама зиёдтар қимат шуд?

Аз оғози сол бештар маҳсулоти хӯрокворӣ қимат шуда, болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа ва таърифаҳои хизматрасониҳои пулакӣ нисбатан муътадил буд.

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

– сабзӣ –  3,8 баробар;

– равғани растанӣ – 24,2%;

– равғани пахта – 23,9%;

– карам – 23,7%;

– гӯшти гӯсфанд – 15,8%;

– гӯшти гов – 12,0%;

– картошка – 10,4%;

– нахӯд – 9,8%;

– гӯшти мурғ – 8,9%;

– себ – 8,8%;

– қанд (шакар) – 8,5%;

– тухм – 3,2%.

Маҳсулоти ғайриозуқа:

– бензин – 41,5%;

– сӯзишвории дизелӣ – 16,2%;

– гази моеъ – 13,7%;

– масолеҳи сохтмон – 2,2%;

– воситаҳои шустан – 1,5%.

Хизматрасониҳои пулакӣ:

– роҳкирои нақлиёти мусофирбар – 1,5%;

– хизматрасониҳои маишӣ – 0,2%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.