ХБА рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ нисбатан баланд арзёбӣ кард

Роҳбари маъмурияти Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати ҷумҳуриро натиҷабахш арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар байни кишварҳои минтақа рушди иқтисодии Тоҷикистон аз ҳама баланд аст Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо роҳбари маъмурияти ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдаг дар шакли видеоконфронс гуфтушунид кард. Завқизода дар оғози […]

Роҳбари маъмурияти Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати ҷумҳуриро натиҷабахш арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар байни кишварҳои минтақа рушди иқтисодии Тоҷикистон аз ҳама баланд аст

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо роҳбари маъмурияти ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдаг дар шакли видеоконфронс гуфтушунид кард.

Завқизода дар оғози вохӯрӣ Селим Элекдагро бо таъйин шуданаш ба мансаби нав табрик намуда, дар иҷрои фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ орзу намуд.

Ҷонибҳо оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2020 ва моҳҳои январ-майи соли 2021, инчунин дурнамои рушди иқтисодиёт дар ояндаи миёнамуҳлат гуфтушунид намуданд.

Завқизода зикр кард, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии зиддибӯҳронии Ҳукумати кишвар оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва ислоҳоти анҷомдодашуда рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 ба 4,5 фоиз баробар гардид.

Инчунин дар моҳҳои январ-майи соли 2021 рушди иқтисоди миллӣ 8,6 фоизро ташкил намуд, ки ин барқароршавии иқтисодиётро нишон медиҳад.

Роҳбари маъмурияти ХБА оид ба Тоҷикистон тадбирҳои андешидаи зиддибӯҳронии Ҳукумати кишварро натиҷабахш арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар байни кишварҳои минтақа рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳама баланд мебошад.

Ҳамзамон Завқизода аз ҷониби ХБА дархост намуд, ки бо назардошти вазнин омадани соли 2021 ҷиҳати зиёд намудани дастгириҳои молиявии Шарикони рушд, аз ҷумла ХБА барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, расонидани кумаки техникӣ барои тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ ва таҷдиди назар намудани дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат намояд, ки хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.