Президент дар Данғара Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоиро боз кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни сафар ба зодгоҳи худ – ноҳияи Данғара дар деҳоти Корези Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-ро ифтитоҳ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муассиса аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизода бунёд гардида, имкони қабули 720 донишҷӯро дар як баст дорад ва дар он донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос, аз […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни сафар ба зодгоҳи худ – ноҳияи Данғара дар деҳоти Корези Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-ро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муассиса аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизода бунёд гардида, имкони қабули 720 донишҷӯро дар як баст дорад ва дар он донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, фармавсевтӣ, момодоягӣ ва кори дандонсозӣ омода карда мешаванд.

Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонии бинои нави хобгоҳ барои 320 донишҷӯ санги асос гузошт. Аз рӯи тарҳ бинои хобгоҳ 9 ошёна сохта шуда, он бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои барҳаво, рахти хоб, ҷевон ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти муҳим таъмин карда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизодаро барои саҳм гузоштан дар тадбирҳои ободонӣ шоистаи таҳсин хонд.

Гуфта мешавад, сарвари давлат ҳамчунин бинои нави шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор дод.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз шуда, фармоишгар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумат мебошад.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат гӯшаи олами ҳайвоноту наботот ва имкониятҳои экологии Тоҷикистон, ки дар он  ҳайвоноти нодир ва парандаҳои зебо ба таври сунъӣ сохта шудааст, муаррифӣ гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.