Патрушев дар Душанбе бо ҳамтоҳои худ аз СҲШ вомехӯрад

Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев рӯзҳои 22-23 июн аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар Душанбе ӯ дар вохӯрии 16-уми ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС. Вохӯрии пешини котибон моҳи сентябри соли 2020 баргузор шуда, он замон бо сабаби вазъи марбут ба коронавирус он тариқи алоқаи […]

Asia-Plus

Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев рӯзҳои 22-23 июн аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар Душанбе ӯ дар вохӯрии 16-уми ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС.

Вохӯрии пешини котибон моҳи сентябри соли 2020 баргузор шуда, он замон бо сабаби вазъи марбут ба коронавирус он тариқи алоқаи видеоӣ сурат гирифта буд. Дар вохӯри масоили вазъ дар соҳаи амният ва субот дар паҳнои Созмон баррасӣ шуда буд.

Патрушев, аз ҷумла изҳор дошта буд, ки кишварҳои аъзои СҲШ бояд тарзҳои умумии рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирусро таҳия намуда, ҳамкориҳоро дар соҳаи амнияти биологӣ ривоҷ диҳанд.

Ӯ зикр карда буд, ки Русия аз талошҳои чанде аз кишварҳо дар мавриди бозбинии сохти кунунии байнулмилалӣ ва минатқавӣ нигарон аст.

“На ҳамаи кишварҳо ба буҳрони бар асари пандемия пайдошуда вокуниши муносиб дода тавонистанд, – гуфта буд котиби Шӯрои амнияти Русия. – Бархе аз онҳо айбро ба гардани дигар давлатҳо бор карданианд, инчунин ба обрӯву нуфузи ниҳодҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ латма ворид карданианд”.

Дар он вохӯрӣ ба масоили марбут ба вазъият дар Афғонистон, роҳандозии низоми дифои зиддимушакии ИМА, ҳамоҳангсозии масоили муҳоҷират низ таваҷҷуҳ зоҳир шуда буд.

Давоми солҳои 2020-2021 раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай Тоҷикистон ба уҳда дорад. Айни замон корҳои омодагӣ ба нишасти СҲШ дар Душанбе, ки рӯзҳои 16-17 сентябр ба нақша гирифта шудааст, ҷараён доранд. Ин нишаст ҷашнӣ хоҳад буд: имсол аз замони таъсиси Созмон 20 сол пур мешавад.

Кишварҳои узви Созмон ният доранд, ки нишасти Душанберо бо ҳузури рӯ ба рӯи ҳамдигар гузаронанд, лекин қарори ниҳоӣ дар бораи бо чӣ гуна шакл баргузор намудани он, бо назардошти вазъи эпидемиологӣ қабул хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки Патрушев охири моҳи апрели соли ҷорӣ низ ба Тоҷикистон омада буд. Ӯ дар вохӯрӣ бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.