Ба хонаи Устод Ато, яке аз пешвоҳои тоҷикони Афғонистон бо “гранатомет” ҳамла шудааст

Шабакаи Тулуънеюси Афғонистон аз як ҳамлаи ба хонаи Устод Ато Муҳаммади Нур, воли пешини вилояти Балх ва яке аз раҳбарони тоҷикон дар Афғонистон хабар медиҳад. Бино ба иттилои ин шабака, ба хонаи Устод Ато дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ҳовон (тири гранатомет) фуруд омадааст, ки дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса баъд аз чошти […]

Asia-Plus

Шабакаи Тулуънеюси Афғонистон аз як ҳамлаи ба хонаи Устод Ато Муҳаммади Нур, воли пешини вилояти Балх ва яке аз раҳбарони тоҷикон дар Афғонистон хабар медиҳад. Бино ба иттилои ин шабака, ба хонаи Устод Ато дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ҳовон (тири гранатомет) фуруд омадааст, ки дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шудаанд.

Ин ҳодиса баъд аз чошти имрӯз рух додааст, ки бар асари ин ҳамла мошини Муҳамадалӣ Муҳаққиқ писари Муҳаммад Муҳаққиқ яке аз пешвоҳои қавми ҳазора дар Афғонистон, осеб дидааст.

Бархе расонаҳои дигар ин ҳодисаро инфиҷор дар ҳавлии Устод Ато номидаанд. 

Аммо шабакаи Тулуънеюс гуфтааст, ки ин тири партобшуда ба мошини зиреҳи Муҳаққиқ бархӯрдааст. 

Сайид Муҳаммад Зоҳир Масрур, вакили мардуми Балх дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба ин шабака гуфтааст, ки ин тир замоне ба хонаи Устод Ато фуруд омад, ки бо раҳбарии ӯ дар хонааш маҷлисе дар ҷараён буд. 

Дар ин маҷлис Устод Ато бо бархе аз сиёсатмадорони дигар дар бораи вазъи амниятии вилояти Балх баҳсу барномарезӣ доштаанд. 

То ҳол маълум нест, ки ин кори кадом гуруҳе будааст. Гуруҳи "Толибон" ҳам то кунун дар бораи ин рӯйдод чизе нагуфтаанд. 

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки Ато Муҳаммади Нур, баъди суқути ноҳияҳо ба дасти "Толибон, " дар Балх хезишҳои мардумӣ ва басиҷи миллиро шакл дода  ва алайҳи Толибон мубориза мекунад. Чанд рӯз пеш ӯ аз поксозии вулусволии стратегии Калдори ин вилоят хабар дода буд, ки бо Тоҷикистон ҳам ҳаммарз аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.