Дар минтақаҳои кишвар реҷабандии барқ қариб пурра барҳам дода шуд





           

Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаҳои кишвар реҷабандии барқ қариб пурра барҳам дода шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз аз Хадамоти марказии танзими барқи ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд.









           

Ба гуфтаи манбаъ, феълан ба ҳамаи манотиқи кишвар интиқоли барқ мунтазам таъмин карда мешавад. «Танҳо ба баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини дурдаст шабонарӯзӣ ба муддати 18-20 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад», – гуфт манбаъ.








           

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ба кишвар аз Туркманистону Ӯзбекистон дар ҳаҷми 14-16 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид мегардад. Дар дохили ҷумҳурӣ то 20 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид мегардад, ки 70 дарсади он ба нерӯгоҳи Норак мансуб аст. «Талаботи кишвар ба нерӯи барқ дар як шабонарӯз 40 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад», – афзуд сарчашма.




spot_imgspot_img

Популярное