Тайи шабонарӯзи ахир шумори фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 2 нафар нафар зиёд шуд. Теъдоди умумии фавтидагон аз COVID-19 ба 95 кас расид.
Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми шабонарӯзи ахир 26 нафар афзуда, 13 ҳазору 623 нафарро ташкил медиҳад.
Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 382 нафарро ташкил медиҳад. Давоми ду рӯз 17 нафар шифо ёфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори сироятёфтагону фавтидагон аз ин беморӣ ҳазорҳо номбар мешавад.
Чанде пеш маълум шуд, ки хушдомани президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, Узбекбӣ Асадуллоева шоми дирӯз дар синни 88-солагӣ даргузашт. Ӯ бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтологияи Тоҷикистон, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ шуда буд.
Ҳамчунин вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир беш аз ду ҳафта аст, ки гирифтори бемории "илтиҳоби шуши дутарафа" бо нишонаҳои коронавирус шудааст. Барои табобати ӯ аз хориҷи кишвар духтур овардаанд ва ин пизишкон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд.
Оҳангсоз ва овозхони маъруф Далер Назаров ҳам аз коронавирус сироят шуда, яке аз наздиконаш хабар дод, ки “ӯ худро хуб ҳис намуда, дар хона муолиҷа гирифта истодааст”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


