Чаро набояд аз воксинзанӣ тарсид, роҳи дигаре ҳаст? Шарҳи мутахассис

Date:

Дар Тоҷикистон воксинзанӣ бар зидди бемории коронавирус идома дорад. Мақомдорон ва коршиносони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки дар ҳоли ҳозир ягона роҳи халосӣ аз ин вабо воксинзанӣ аст. Вале бо вуҷуди ин, дар байни аҳолӣ дар мавриди зарурати воксин ва таъсири баъди воксин гуфтугузорҳо гуногун аст.

Сироятшиноси Бемористони Ибни Сино Ноҳида Ҳамроалиева ба “Азия плюс” ин масъаларо шарҳ дод.

Ба назари ин коршинос, вақте шахс воксин мезанад, нороҳатӣ, баландшавии таб, бемадорӣ, беиштиҳоӣ ва дарди сарро эҳсос мекунад, ки ин маъмулӣ аст. Ба гуфтаи мавсуф, инро ҳолати баъди воксинзанӣ меноманд, ки 7-10 рӯз давом мекунад.

– Вале бархеҳо онро душвортар мегузаронанд, ки сабабаш иммунитети паст ва ноустувории имунитет дар вақти гузаронидани воксин мебошад. Аммо агар ҳарорати бадан дар муддати 7 рӯз аз 37-38 поин нашуд, ҳатман ба духтур муроҷиат намудан лозим аст. Чунки он, аллакай беморӣ аст,-мегӯяд Ҳамроалиева.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ба ғайр аз ин, баъди гузаронидани воксин дар бархеҳо ҳассосияти баланд ба вуҷуд меояд ва он дар муддати ду соат хело шадид мегузарад, ки ин ҳам маъмулист.

Ба таъкиди вай, ин ҳолатҳо на танҳо ба воксини коронавирус, балки ба ҳама намуди воксинҳо хос аст. Аз ин рӯ, пеш аз воксинзанӣ шахс бояд ҳолати равониву ҷисмониаш хуб бошад ва дар бораи бемориҳои музминаш маълумот дошта бошад. Ин камубдиҳо сабаб мешавад, ки шахс ҳолати баъдивоксинзаниро душвортар гузаронад. Ҳеҷ духтуре воксинзаниро дар ҳолати беморӣ тавсия  намедиҳад.

Ин сироятшиноси тоҷик, дар мавриди таъсири воксинҳое, ки ба кишвар ворид шудааст, сухан ронда, қайд кард, ки таъсиргузории онҳо гуногун аст. Ӯ ба таври мисол гуфт, баъди истифодаи воксини AstraZeneca подтани (антитела) шахс то 60 фоиз ва ҳангоми истифодаи “Коронавак” фоизи пайдоиши подтан то 90 фоиз гуфта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба таъкиди Ҳамроалиева ягона усули мубориза бо эпидемия ва пандемия (на танҳо пандемияи коронавирус) ин воксинзанӣ аст.

– Аслан, дар бораи вакисанзании коронавирус ду ақида мавҷуд аст: Якум  ин аст, ки аз сабаби тез истеҳсол шудани воксин таъсирнокии онро сад дар сад намедонем. Ин ақида моро водор мекунад, ки дар масъалаи воксинзанӣ боэҳтиёт бошем. Вале ақидаи дигар ин аст, ки ин бемориро танҳо бо воксинзанӣ  мешавад, ғалаба кард,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ин аст, ки гуфт, вай, ҳоло ҳамаи мо дар як давраи озмоишӣ қарор дорем ва ин ба он вобаста аст, ки вирус бо гузашти вақт тағйири шакл (мутатсия) мекунад. Қисме аз олимон ба он ақидаанд, воксинҳое, ки имрӯз барои коронавирус дар давлатҳои алоҳида истеҳсол шудааст, барои ҳамаи намуди коронавирус муносиб нест.

Ин пизишки тоҷик, ҳам мегӯяд, касе итминон дода наметавонад, ки аз қабули воксин шахс тамоман ба ин беморӣ гирифтор намешавад. Гап сари он аст, ки вақте шахс воксин мегирад, ин беморӣ дар он шадид намегузарад ва риски гирифторшавиаш камтар мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Аз рӯи талабот ва таҷрибаи қабулшудаи умумӣ барои истеҳсоли воксин солҳо зарур аст. Баъди истеҳсол онҳоро аввал дар ҳайвонот, баъдан дар як гурӯҳи одамони алоҳида месанҷанд ва баъди натиҷаи мусбат ба аҳли башар пешниҳод мекунанд. Вале вазъияти коронавирусро дар тамоми ҷаҳон ба назар гирифта, чанд мамлакат онро ҳарчӣ зудтар анҷом доданд. Шояд тахнологияе, буд, ки аз ҳамаи ин озмоишҳо гузарониданд. Вале маълумоти зидду нақиз дар бораи ин воксинҳо моро ҳам дар шубҳа овардааст,-гуфт Ҳамроалиева.

Сироятшиноси тоҷик дар мавриди он ки бархеҳо, ба коронавирус гирифтор нашудаанд, онҳо ҳам уҳдадоранд, ки воксин гиранд, гуфт,  ки аслан, 60-70 фоизи беморони коронавирус бе нишона ва оризаҳояш онро мегузаронанд. Лекин барои нигоҳ доштани пандемия воксинзании 60-70 фисади аҳолӣ зарур аст. Ҳастанд гурӯҳи шахсоне, ки тарзи ҳаёти солимро ба роҳ мондаанд, вазни зиёдати надоранд, рагҳои хунгард ва системаи асабӣ хуб доранд ва ба ин беморӣ хело кам гирифтор мешаванд.

Ноҳида Ҳамроалиева хатари баъди воксингирӣ ба коронавирус гирифтор шуданро ҳам рад намекунад ва мегӯяд, ин пеш аз ҳама, ба вазъ ва шароит вобастагӣ дорад.

– Гузаронидани воксин ба одамоне, ки аллакай, ба коронавирус гирифтор шудаанду дар баданашон подтан доранд подтани баданашонро дучанд мекунад. Онҳо ҳангоми воксингирӣ, ҳолати пас аз воксинзаниро хело сабук мегузаронанд. Чунки подтанҳое, ки онҳо доранд, шахсро муҳофиазат мекунанд. Вале шахсе, ки тамоман ба ин беморӣ гирифтор нашудааст ва податан пайдо накардааст, вақте воксин мезанад, ҳолати пас аз воксинзаниро вазнинтар мегузаронад,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ӯ ба суоли он ки аз байни чанд воксине, ки ба кишвар ворид шудааст, аз рӯи таҷриба кадоме беҳтар аст, посух дод, ки  воксини “Астрезенак” имунитет медиҳад, вале ҷавонон ҳолати баъди воксинзаниро вазнинтар мегузаронанд. Ҳамчунин, онҳое, ки тамоман бемор нашуда, дар баданашон подтан надоштанд, баъди истифодаи он то 5 рӯз худро беҳолу бемадор эҳсос карданд. Шахсоне, ки аллакай, подтан доштанд, баъди истифодаи он, ҳолати баъди воксинзаниро бидуни ҳарорат ва бо каме беҳолӣ гузарониданд. Воксини “Коронавак”-ро насанҷидем, вале аз рӯи мушоҳида одамон онро  осонтар мегузаронанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ ҳамчунин хатари онро, ки маҳз воксин сабаби гирифторшавӣ ба бемории коронавирус шуданро тасдиқ кард ва гуфт ин ба вазъият ва муҳит вобастагӣ дорад. Масалан, вақте шахс воксин гирифт, дар берун одамони бемор ҳастанд ва аз онҳо мегузарад. Дар ин ҳолат воксин барои ҳимояи бадан қувват намекунад.

– Подтан дар бадани шахс танҳо баъди гузаронидани беморӣ ва ё воксинзанӣ пайдо мешавад. Лекин, баъди гирифтани воксин он қадар подтане пайдо намешавад, ки баъди гузаронидани беморӣ дар бадан пайдо шудааст. Шахс ҳамон қадар бемориро вазнин гузаронад дар баданаш ҳамон қадар подтан мустаҳкам пайдо мешавад. Одаме, ки вазнин гузаронидааст, протанаш метавонад аз 12-15  баланд бошад. Баъди воксинзанӣ чунин протанҳо нест, -мегӯяд Ҳамроалиева.  

Мавсуф гуфт, бо вуҷуди он ки воксин моро метавонад сад дар сад аз коронавирус ҳифз кунад, маълумот зидду нақиз аст. Вале ҳоло он ягона умеди мо дар роҳи наҷоти ҷонамон аст ва бояд аз он истифода  кард.

– Бо ин роҳ мо метавонем, ақалан, миқдори одамоне, ки дар ҷомеа бемор мешаванд, кам намоем ва барои баргаштан ба зиндагии муқаррарӣ замина гузорем,-хулоса кард ин сироятшиноси тоҷик. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...