Тайи як шабонарӯз 5 нафар дар дарёҳо ғарқ шуданд

Рӯзе қабл дар обҳои кишвар 5 ҷасад пайдо ва ба соҳибонашон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуданд. Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Шаҳринав як сокини маҳаллии 11-сола дар дарёи Қаратоғ ғарқ шуд. Ҷасади ноболиғ аз соҳили  дарё пайдо ва ба наздиконаш супурда шуд. Дар шаҳри Турсунзода духтари 7-сола бо […]

Рӯзе қабл дар обҳои кишвар 5 ҷасад пайдо ва ба соҳибонашон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуданд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, дар ноҳияи Шаҳринав як сокини маҳаллии 11-сола дар дарёи Қаратоғ ғарқ шуд. Ҷасади ноболиғ аз соҳили  дарё пайдо ва ба наздиконаш супурда шуд.

Дар шаҳри Турсунзода духтари 7-сола бо сабабҳои номаълум дар канали Заркамар  ғарқ шуд. Дар масофаи 2,5 км аз ҷойи ҳодиса ҷасади ӯро пайдо ва ба пайвандонаш супурданд.

Як духтари 9-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми шиноварӣ дар канали  Куктош аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд. Имдодгарони Маркази наҷот ҷасади ӯро аз соҳили канал пайдо  ва ба хешонаш супурданд.

Гуфта мешавад, дар дохили  сарбанди неругоҳи барқии обии ноҳияи Варзоб ҷасади зан, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт шудааст. Сабабҳои марги зан мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Сокини 17-солаи пойтахт дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Ҷасади ӯ 500 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса дарёфт ва аз дарё берун оварда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “насли ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гутфугӯ паҳн шуд, ба суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ суҳбат кардем.

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.