Қозӣ Қозиев, устои 69-сола аз ноҳияи Мастчоҳ пас аз суҳбати кӯтоҳе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон маъруф шуд. Ӯ ба саволи президент дар бораи чанд фарзанд доштанаш, бо табассум посух дод, ки ёздаҳто ва дар идома гуфт: “Мо насли орёиҳоро зиёд кардем”. Дар паси ин мафҳуми маъруфгардида, тақдири инсоне меистад, ки ҳаёти худро ба сохтмон, эҳёи анъанаҳои мардуми тоҷик ва тарбияи оилаи бузурги бинокорон бахшидааст.
Охири моҳи март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Мастчоҳ боздид карда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ширкат варзид. Аз ҷумла, дар ҷамоати Оббурдон кӯдакистони №5 ба номи Фирдавсиро ба истифода дод. Ин кӯдакистонро маҳз Қозӣ Қозиев бунёд кард.
Пас аз маросими ифтитоҳ, Эмомалӣ Раҳмон ба лоиҳакашону бинокорон, ки дар сохтмони иншоот кумак карданд, изҳори миннатдорӣ кард. Бо Қозӣ Қозиев низ суҳбат кард.
Раисҷумҳур пас аз саломуалейк аз Қозиев пурсид:
– Чандсолаед?
– Шасту нуҳсола
– Чанд фарзанд доред?
– Ёздаҳто!
Президент бори дигар пурсид:
– Чанд фарзанд гуфтед?
– Ёздаҳто!, – пас аз чанде таваққуф бо табассум илова кард: “Мо насли ориёиҳоро зиёд кардем!”
Аз ин посух, Эмомалӣ Раҳмон аввал тааҷҷуб кард ва сипас, хандид.
Вақте навори ин гутфугӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сертамошобин шуд, тасмим гирифтем, ки ин мӯйсафеди зиндадилро пайдо кунем ва дар бораи ҳаёту зиндагии ӯ гузориш омода кунем.
Кӯдакии душвор
Қозӣ Қозиев нимаи моҳи июли соли 1957 дар деҳаи Ғузни деҳоти Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Дар оила ҳашт фарзанд буданд. Падарашон усто ва модарашон хонанишин буданд.
Вақте ки Қозӣ хурд буд, оилаи онҳо ҳамроҳи дигар сокинони деҳа ба дашти Дилварзин муҳоҷир шуданд. Зиндагӣ дар ҷойи нав душвор буд: иқлими ғайримаъмуливу нооошно ва шароити сахт ҳаётро душвор месохт.
Қозӣ ба хотир меорад, ки он солҳо кӯдакон хеле зиёд кор мекарданд.
– Мо, хонандагони мактабро ҳам пеш ва ҳам баъи дарс ба саҳро мефиристоданд. Мо хеле монда мешудем, дар дарсҳо хоболуд будем, – нақл кард ӯ.
Пас аз синфи ҳафтум, Қозӣ тасмим мегирад, ки ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ (ПТУ)-и шаҳри Хуҷанд дохил шавад, вале бо сабаби он ки шаҳодатнома (аттестат) – и хатми синфи ҳашт надошт ӯро ба озмоишгоҳ қабул намекунанд. Сипас ӯ ба мактаби шабона дохил мешавад ва касби дуредгариву челонгариро меомӯзад. Пас аз як сол дипломи дуредгар ва челонгарро мегирад.

Эҳёи анъанаҳо
Пас аз хидмат дар артиш, мутахассиси ҷавонро ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №35 дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси дуредгар ва челонгар ба кор даъват мекунанд. Ӯ ба ҷавонон ҳфт сол сирру асрори ин касбҳоро омӯзонид.
Рӯзҳои истироҳатӣ, Қозӣ ба кори дӯстдоштаи худ – сохтмони хонаҳои хусусӣ машғул мешуд. Сипас, тасмим гирифт, ки пурра худро ба ин кор – сохтмон ва тайёр кардани дару туиреза, мизу курсӣ ва катҳо аз чӯб бахшад.
Барои чуқуртар омӯхтани касби дуредгарӣ, кандакорӣ дар чӯб ва сохтани хона, Қозӣ назди устоҳои мардумии маъруф – Усто Маҳмуд аз шаҳри Бука (Ӯзбекистон) ва Усто Шодмонбой, аз шаҳри Панҷакент шогирд меистад.

Қозӣ Қозиев кӯшиш мекард, ки анаъанаҳои чандинасраи меъмории миллии тоҷиконро эҳё кунад. Барои ин, ӯ доимо дар сохтмонҳо тарзу усулҳои нав меҷуст, озмоиш мекард, лоиҳаҳои худро таҳия мекард ва маҳорату малакааашро такмил медод. Қозиев барои корҳояш бо нишони Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди шӯравӣ низ сарфароз шудааст.
Эҳёи сулолаи нави устоҳо
Солҳои аввали 90-ум, ки аксари сокинони кишвар гуруснагӣ мекашиданд, оилаи серфарзанди Қозиевҳо осудаҳолона мезистанд.
– Аз Худованд шукргузорам, ки ба мо касби дуредгариву челонгариро додааст. Падарамон ба мо таълим медод, ки бо виҷдони пок, хушсифат ва ростқавлона кор кунем. Шояд барои ҳамин мардум моро эҳтиром мекунанду бовар доранд, – мегӯяд Қозиев.
Ба гуфтаи усто, фармоишҳо барои як сол пештар басанда буданд. Як иншоотро ба охир расонида, дарҳол ба дигараш мегузаштанд. Фармоишгарони асосӣ шахсони дорову сарватманд буданд, ки сифату тарзу усули миллии сохтмонро қадр мекарданд.
– Мувофиқи ҳисобҳои мо, танҳо дар солҳои истиқлол оилаи мо 56 хонаи муосир бо тарзу усули тоҷикӣ сохтааст. Умедворам, ки онҳо садсолаҳо ба соҳибонашон хидмат мекунанд.
Имрӯз касби оилавиро фарзандони Қозӣ Қозиев давом медиҳанд. Шаш писари ӯ касби бинокорро интихоб карданд. Як писари дигараш – Ризвон, корманди тибб аст, вале ӯ ҳам дар вақтҳои холигӣ ба бинокорӣ машғул мешавад. Писари хурдӣ- Саидмуҳаммад 14-сола буда, ба касби оилавӣ тавҷҷуҳ зоҳир мекунад.

– Боз се духтар дорам. Дутои онҳо ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунанд, духтари хурдиам – Асмоъ ҳоло 12 сол дорад, – мегӯяд Қозӣ Қозиев.
Кори муҳим дар ҳаёт…
Сокинони маҳаллаи “Фирдавсӣ”-и ҷамоати Оббурдон ҳанӯз дар солҳои бозсозӣ, дар соли 1987 бо дархости иҷозаи сохтмони масҷиди ҷомеаъ ба Кумитаи умури дини Иттиҳоди шӯравӣ муроҷиат карда буданд. Кумитаи лоиҳаи сохтмони масҷидро барои 2500 ибодаткунанда тасдиқ кард, ки муаллифи он Қозӣ Қозиев буд.
Бунёди масҷид се сол давом кард. Имрӯз масҷиди ҷомеи ба номи Имом Бухорӣ яке аз макони ҷолиб ва тамошобоби ноҳияи Мастчоҳ маҳсуб меёбад.

Ду сол пеш, Аъзам Ализода, раиси ноҳия зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳалла, масъалаи зарурати сохтмони кӯдакистонро ба миён гузошт. Тасмим гирфта шуд, ки он бо тарзи ҳашар сохта мешавад.
Лоиҳаро Маҳмадносир Қозиев, яке аз писарони қаҳрамони мо таҳия карда, роҳбарии сохтмонро ба дӯши падараш гузоштанд. Корҳо қариб ду сол давом карданд. Дар натиҷа, бинои муосири сеошёна бо тамоми шароити зарурӣ қомат афрохт.
Зимнан, дар солҳои сохтмони ин ду иншооти муҳим (масҷид ва кӯдакистон), Қозӣ Қозиев аз фармоишҳои шахсии худ даст кашида, аз ин сохтмонҳо даромаде ба даст наовардааст.

“Хурсандам, ки тавонистам ба ин кори нек саҳми ночизи худро гузорам. Аз ҳама чизи асосӣ ҳамин аст”, – гуфт ӯ.
Соли 2026, вақте ки Қозӣ Қозиев 49 сол дошт, раҳбарияти ноҳияи Мастчоҳ бо назардошти хидматҳояш дар рушди сохтмони хонаҳо барои мардум, инчунин ба муносибати 40-умин солагрди азхудкунии дашти Дилварзин ӯро барои дарёфти унвони “Устои халқии Тоҷикистон” пешбарӣ намуд.
Аммо то ҳол ӯ ба ин унвон соҳиб нашудааст.
Орзуҳои усто
Қозӣ Қозиев бо ифтихори махсус аз решаҳои таърихӣ ва фарҳангии худ сухан мегӯяд ва худро намояндаи тамаддуни қадимаи ориёӣ мешуморад.
– Миллати мо ба рушду илму фарҳанг, шаҳрсозӣ ва заминсозӣ дар миқёси ҷаҳон саҳми босазо гузоштааст. Бисёре аз шахсиятҳои барҷастаи олами ислом тоҷикон ё зодагони муҳити форсизабонон буданд, – мегӯяд ӯ.
Миёни онҳо Қозӣ Қозиев аз Салмони Форсӣ, Имом Абӯ Ҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абӯ Мансур Матуидӣ, инчуин Сайид Аҷал Шам Дин Умсар Бухорӣ ном мебарад.

Қозиев орзу дорад, ки дар ҳар як маҳалла кӯдакистону мактаб сохта шуда, ҳамаи кӯдакони синни томактабӣ ва мактабхон имкон дошта бошанд, ки дар шароитҳои арзандаву шоиста таҳсил кунанду тарбият гиранд. Орзуи дуввумаш ин аст, ки ҷавонон нерӯву дониш ва иқтидори худро баҳри рушд ва шукуфоии кишвари худ равона созанд.
“Сеюм, мехоҳам, ки таърихи авлоди худамро барқарор кунам. Гузаштагони ман бо роҳбарии Тӯра Ҳасан соҳибкорони бузург ва шахсони маъруфи охири асри XIX — аввали асри XX дар Осиёи Марказӣ ва Русия буданд. Онҳо бо намояндагони сулолаи Романовҳо робитаи хуб доштанд. Мегӯянд, ки охирин намояндагони авлоди мо дар маҳаллаи Чоршанбеи шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекардаанд. Ман мехоҳам, ки онҳоро пайдо кунам ва ва насабномаи худро барқарор созам”, – гуфт қаҳрамони мо.








