Соли равон аз Тоҷикистон 5 ҳазор нафар шаҳрванд ба маросими ҳаҷ сафар мекунад

            Душанбе. 1уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои хоҳишмандоне, ки соли равон ба сафари ҳаҷ рафтанианд, квота ҷудо намуд.             Чӣ тавре ки мудири шӯъбаи ҳаҷ ва сайёҳии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдусалом Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли равон бо шумули   роҳбарони гурӯҳ, табибон ва дигар кормандон аз Тоҷикистон 5 […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 1уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои хоҳишмандоне, ки соли равон ба сафари ҳаҷ рафтанианд, квота ҷудо намуд.





           

Чӣ тавре ки мудири шӯъбаи ҳаҷ ва сайёҳии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдусалом Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли равон бо шумули

 

роҳбарони гурӯҳ, табибон ва дигар кормандон аз Тоҷикистон 5 ҳазор нафар шаҳрванд ба маросими ҳаҷ сафар мекунад.




           

Ба гуфтаи ӯ, квота миёни манотиқи кишвар ба таври зайл тақсим карда шуд: ВМКБ – 138, вилояти Суғд – 1 ҳазору 408, Вилояти Хатлон – 1 ҳазору 618, шаҳри Душанбе – 566 ва ноҳияҳои тобеи марказ – 1 ҳазору 70 квота.




           

А.Раҷабов афзуд, дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар бақайдгирии зоирин аллакай анҷом ёфтааст.




           

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта 5 ҳазору 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо шарафёб гардиданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.