Бозиҳои олимпӣ дар Токио бе ҳузури тамошобинон мегузаранд

Тамоми мусобиқаҳо дар доираи Бозиҳои олимпӣ дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио бе ҳузури тамошобинон мегузаранд. Ҳукуматдорони Ҷопон чунин қарор қабул намуда, он бо Кумитаи байнулмиллии олимпӣ мувофиқа шудааст, менависад Медуза. Ҳукумати Ҷопон ҳанӯз чанд моҳ пеш изҳор дошта буд, ки сайёҳони хориҷиро ба Бозиҳо роҳ намедиҳад, аммо дар назар буд, ки аҳолии маҳаллӣ – […]

Asia-Plus

Тамоми мусобиқаҳо дар доираи Бозиҳои олимпӣ дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио бе ҳузури тамошобинон мегузаранд. Ҳукуматдорони Ҷопон чунин қарор қабул намуда, он бо Кумитаи байнулмиллии олимпӣ мувофиқа шудааст, менависад Медуза.

Ҳукумати Ҷопон ҳанӯз чанд моҳ пеш изҳор дошта буд, ки сайёҳони хориҷиро ба Бозиҳо роҳ намедиҳад, аммо дар назар буд, ки аҳолии маҳаллӣ – то 10 ҳазор нафар дар ҳар кадоме аз иншооти варзишӣ мусобиқаҳоро тамошо мекунанд.

Манъи пурраи ҳузури тамошобинонро ҳукуматдорон нигаронӣ аз паҳншавии штамми “делта”-и коронавирус маънидод карданд. Аз 12 июл то 22 август дар Токио реҷаи ҳолати фавқулода амал хоҳад кард.

Дар мусобиқаҳое, ки дар минтақаҳои ҳамсоя бо Токио баргузор мешаванд, манъи ҳузури тамошобинон амал намекунад. Қарори ниҳоиро дар ин бора ҳукуматҳои маҳаллӣ қабул мекунанд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ аз 23 июл то 8 август баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.