Коронавирус дар Тоҷикистон: рӯзҳои истироҳат зиёда аз 80 ҳолатҳои нави COVID-19 ошкор шуд

Давоми рӯзҳои истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 3 нафар афзуда, ба 103 нафар расид. То шоми 11 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 834 нафар расида, давоми ду шабонарӯз теъдоди онҳо 81 нафар зиёд шуд. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору […]

Asia-Plus

Давоми рӯзҳои истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 3 нафар афзуда, ба 103 нафар расид.

То шоми 11 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 834 нафар расида, давоми ду шабонарӯз теъдоди онҳо 81 нафар зиёд шуд.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 535  нафар ё худ 97,8%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 21 нафар шифо ёфтаанд.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, то  санаи 9 июли соли равон дар Тоҷикистон беш аз 361 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 19 ҳазору 940 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.