Тафсилоти ғарқшавии 4 мактабхони Истаравшан: мудири мактабу омӯзгорон онҳоро сайёҳат оварда будаанд

Додситонии шаҳри Хуҷанд тафсилоти ғарқ шудани чаҳор мактабхони истаравшанӣ дар дарёи Сир, дар Хуҷандро ба “Азия-Плюс” шарик кард. Ба иттилои додситонӣ гурӯҳе аз хонандагони мактаби рақами 60-и Истаравшан бо ду омӯзгор ва мудири мактаб барои саёҳат ба Хуҷанд омада, чаҳор нафари онҳо зимни шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ мешаванд. Додситони шаҳри Хуҷанд, Авазҷон Назарзода дар […]

Додситонии шаҳри Хуҷанд тафсилоти ғарқ шудани чаҳор мактабхони истаравшанӣ дар дарёи Сир, дар Хуҷандро ба “Азия-Плюс” шарик кард.

Ба иттилои додситонӣ гурӯҳе аз хонандагони мактаби рақами 60-и Истаравшан бо ду омӯзгор ва мудири мактаб барои саёҳат ба Хуҷанд омада, чаҳор нафари онҳо зимни шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ мешаванд.

Додситони шаҳри Хуҷанд, Авазҷон Назарзода дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ному насаби ду роҳбари синф ва директор маълум аст, вале то анҷоми тафтишот ифшо намекунанд. Ҳоло додситони шаҳри Хуҷанд, таҳқиқи ин қазияро шахсан худаш ба даст гирифтааст, ҳарчанд то кунун парванди ҷиноӣ боз нашудааст.

Ӯ гуфт рӯзи 7-уми июл 23 нафар хонандаи синфҳои 6 ва 9, ки дар миёнашон духтарон низ будаанд, бо роҳбарии мудир ва ду роҳбари синф дар як автомашинаи “Газел” барои саёҳат аз Истаравшан ба Хуҷанд меоянд. Аммо бегоҳии ҳамон рӯз, чаҳор нафар ҳамсинфи 16-сола ҳангоми шиноварӣ дар мавзее, ки барои шиноварӣ мамнуъ эълон шуда буд, воқъе дар ҳудуди “Боғи Наврӯзгоҳ” ғарқ шуда ба ҳалокат мерасанд.

“Ҷасадҳоро таъҷилан аз дарё берун оварда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷҷат карданд. Ҳатман масъалаи ҷавобгарии дахлдори шахсони гунаҳкор дида баромада мешавад. Дар ин самт шахсан худам санҷиши ҷиддиро оғоз кардам ва ҳоло идома дорад. То оғози ягон парванда аввал мавзеъи оббозии чаҳор хонандаи фавтида ва назари шоҳидону нафарони дахлдорро ҷиддан месанҷем”. 

Додситонӣ гуфт, аз гурӯҳи 23-нафараи хонандагони мактаб, ки барои саёҳат ба Хуҷанд омаданд, 11 нафарашон синфи 6 ва 12 нафар хонандагони синфи 9 будаанд.

Ҳоло яке аз фарзияҳои пешакӣ, ин аст, ки яке аз хонандаҳо ғарқ мешавад ва боқии ҳамсинфон ба наҷоти ӯ мешитобанд, ки дар натиҷа се нафари дигар ҳам ғарқ мешаванд.

Раёсати маорифи вилояти Суғд дар ин бора расман чизе нагуфтааст ва раҳбарии ин ниҳод ба муроҷиатҳои мукаррари “Азия-Плюс” ҳозир нашуд посух диҳад. 

Аммо як масъули ҳамин ниҳод, бидуни зикри номаш гуфт, ки яке аз омӯзгорони ҳамроҳи хонандаҳо омада зан мебошад.  

Ҳоло гуфта мешавад, замоне, ки ҷасади чаҳор хонанда аз дарё берун кашида мешаванд, мудир ва яке аз омӯзгорон сахт тарсида, дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бистарӣ шудаанд.

 “Директор ва муаллим ба Истаравшан нарафтаанд ва ҳоло дар  беморхона бистарӣ ҳастанд. Танҳо як муаллима ҷасади хонандагонро гирифта ба зодгоҳашон бурданд. Директор ва роҳбари синф, ки ҳарду мард ҳастанд аз ҳодиса тарсидаанд, чун марги якбораи ин чаҳор нафар шӯхӣ нест. Ба мо ҳам рӯшан нест, ки ин бачаҳо паси ҳам рафта ғарқ шудаанд ё ҳодиса чӣ хел рух додааст?”,-мегӯяд ин манбаъ.

Бояд гуфт, ки шоми 7-уми июл, Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд эълом кард, ки соати тахмин 15:00 чаҳор наврас, хонандагони мактаби рақами 60-и ҷамоати Ниҷонии Истаравшан дар дарёи Сир, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд оббозӣ карда ғарқ мешаванд ва ҷасадашонро аз дарё берун кашидаанд.

Ситод аз хонандагони фавтида Лазизбек Хидиров, Бахтиёр Каримқулов, Аслбек Мамадисоев, Садриддин Каримов ном бурд.

Феълан бино ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд дар мавзеъҳои таҷаммуъи одамон, ки ба хотири шиноварӣ ба соҳили дарёи Сир ва “Баҳри тоҷик” мефароянд қисми навбатдорӣ ташкил кардаанд. Ин ҳайат гуфта мешавад беш аз 60 нафар аз наҷотдиҳандагону дигар гурӯҳи корӣ иборат буда, ҳамарӯза сокинонро огаҳ мекунанд дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ накунанд ва ҳадафашон ҷилавгирӣ аз афзоиши ҳодисаҳои ғарқшавии одамон будааст.

Бар пайи ин ҳодиса ва ҳодисаҳои дигари рӯзҳои ахир, ҳоло мақомоти вилояти Суғд рейдҳо ташкил кардаву дар ҷойҳои барои оббозӣ хатарзо тоблуҳо бо навиштаҷоти “Оббозӣ манъ аст!” бештар насб карда истодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.