25 ҳазор маҳбус афв мешавад. Омодагиҳо ба “авфи тиллоӣ” дар Тоҷикистон оғоз шуд

Бо супориши президенти Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки ба таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи афви” пардохт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории иборат аз ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд то охири моҳи август лоиҳаи қонунро ба сарвари давлат пешниҳод кунанд. “Ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо супориши президенти Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки ба таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи афви” пардохт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории иборат аз ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд то охири моҳи август лоиҳаи қонунро ба сарвари давлат пешниҳод кунанд.

“Ба истилоҳ “авфи тиллоӣ”, ки бо ташаббуси президент ба ифтихори 30-солагии Итиқлолияти давлатии Тоҷикитсон сурат мегирад, зиёд аз 25 ҳазор нафар гумонбаршудагон, судшавандагон ва маҳкумшудагонро фаро гирифта метавонад”, – зикр кард манбаъ.

Инчунин таъкид шуд, ки барои қабули лоиҳаи қонун охири моҳи август ё аввали моҳи сентябр вакилони палатаи поёнии парлумон аз таътили тобистона бозхонд карда мешаванд.

Маъмулан дар ҷумҳурӣ ба ифтихори солгарди ҷашнҳои давлатӣ авф эълон мешавад. Ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар соли 2019 зиёда аз 20 ҳазор нафар маҳкумшуагон мавриди авф қарор гирифтанд. Соли 2014 дар солгарди 20-солагии қабули Конститутсия қонуни авф 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-умин солгари истиқлолияти давлатӣ – 15 ҳазор нафарро фаро гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.