Даргузашти Идигул Қосимзода, вакили порлумон ва раиси собиқи Кумитаи занон дар синни 53-солагӣ

Идигул Қосимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси пешини Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, имрӯз бар асари мубтало шудан ба бемории коронавирус, дар синни 53-солагӣ даргузашт. Дар ин бора яке аз пайвандони Қосимзода ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ Қосимзода чанд рӯзи ахир аз бемории коронавирус ранҷ мебурд ва дар беморхонаи "Якум Советский"-и пойтахт […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Идигул Қосимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси пешини Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, имрӯз бар асари мубтало шудан ба бемории коронавирус, дар синни 53-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора яке аз пайвандони Қосимзода ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ Қосимзода чанд рӯзи ахир аз бемории коронавирус ранҷ мебурд ва дар беморхонаи "Якум Советский"-и пойтахт бистарӣ буд ва дар ҳамин беморхона даргузашт.

Гуфта мешавад, ки маросими ҷанозаи марҳум дар зодгоҳаш, ноҳияи Вахш баргузор мешавад. 

Идигул Қосимзода, ки дар гузашта раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон (2017-2020) ва ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (2015-2017) кор кардааст, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Ҳизби ҳокими халқии демократӣ буд.

Қосимзода  соли 1968 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1990 Донишкадаи омўзгории шаҳри  Бохтарро хатм карда буд.

Доктори илмҳои педагогӣ, профессор буд.

Солҳои 1990-2015 ба унвони котиби масъули шуъбаи кор бо ноболиғони ҳукумати ноҳияи Вахш, омӯзгори мактаб, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, муовини ректори ин донишкада кор карда буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

                                            

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.