Вазорати саноат ҷиҳати мусоидат ба олимони ватанӣ дар истеҳсоли дастгоҳҳои ИВЛ омода аст

Ташаббуси олимони тоҷик дар мавриди таҳияи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ДНС ё худ ИВЛ) комилан аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дастгирӣ мешавад. “Хеле хуб аст, ки мо бо кӯшиши худ барои ҳалли мушкилоти имрӯз доштаамон талош меарзем", – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯз, 28 июл вазири саноат ва технолгияҳои нави кишвар Шералӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ташаббуси олимони тоҷик дар мавриди таҳияи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ДНС ё худ ИВЛ) комилан аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дастгирӣ мешавад.

“Хеле хуб аст, ки мо бо кӯшиши худ барои ҳалли мушкилоти имрӯз доштаамон талош меарзем", – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯз, 28 июл вазири саноат ва технолгияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир.

Ӯ зикр кард, ки агар ягон хоҳиш ё талаботе аз ҷониби Вазорати саноат лозим бошад, он пурра қонеъ карда хоҳад шуд.

"Боиси хушнудист, ки дар давраи пандемия намояндагони илми мо ба саҳмгузорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд", – гуфт Шералӣ Кабир.

Дар ҳамин ҳол, вазир илова намуд, ки то ин дам аз ҷониби олимон вобаста ба истеҳсоли саноатии чунин дастгоҳҳо ягон муроҷиат ё дархосте нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуоти рӯзи 27 июл изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шушро, ки олимони ватанӣ моҳи майи соли гузашта сохта буданд, такмил доданд.

Ӯ зикр кард, ки дастгоҳи аз ҷониби олимони тоҷик таҳияшуда дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе муваффақона аз озмоиш гузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.