Нисбати 19 шаҳрванди Қирғизистон бо ҷурми убури ғайриқонунии сарҳад ҳукм содир шуд

Додгоҳи вилояти Суғд нисбати 19 нафар шаҳрванди Қирғизистон, ки бо ҷурми убури ғайриқонунии марз нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, ҳукм баровардааст.  Дар ин бора Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, изҳор дошт, ки нисбати шаҳрвандони Қирғизистон дар асоси моддаи 335-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда буд. “Нисбати 18 нафар […]

Додгоҳи вилояти Суғд нисбати 19 нафар шаҳрванди Қирғизистон, ки бо ҷурми убури ғайриқонунии марз нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, ҳукм баровардааст. 

Дар ин бора Бахтиёр Оқилзода, раиси додгоҳи вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, изҳор дошт, ки нисбати шаҳрвандони Қирғизистон дар асоси моддаи 335-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда буд.

“Нисбати 18 нафар шаҳрванди Қирғизистон ҷазои ҷарима ва нисбати як нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст. Дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нисбати 13 нафар, дар суди шаҳри Исфара ва Конибодом парвандаи 3 нафарӣ баррасӣ шуда, онҳо ҷазо гирифтанд”, – гуфт ӯ.

Аммо раиси додгоҳи Суғд дақиқан нагуфт, ки дар асоси ҳалномаи судӣ ҳаҷми ҷаримаи ситонидашуда аз ин 18 нафар чӣ миқдор буд ва як нафарро, ки Бахтиёр Оқилзода гуфт, аз озодӣ маҳрум кардаву ба ӯ чанд сол ҳукм додаанд.  

Моддаи 335-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон) аз ду қисм иборат аст. Ба гуфтаи муовини раиси додгоҳ Исмоил Раҳматзода, қисми якуми ин моддаи кодекси ҷиноӣ  “ғайриқонунӣ, бидуни ҳуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон” аст, ки ҷазои ҷарима аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати аз 2 то 5 солро дар бар мегирад.

“Ба қисми 2-и моддаи 335 “сарҳади давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ, бо маслиҳати пешакӣ гузаштани гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи муташаккил ё бо истифодаи зӯроварӣ ё бо таҳдиди истифодаи он” мебошад, ки соли 2018 ба он тағйирот ворид шудааст. Дар он ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол ва маҳрум сохтан аз вазифаи ишғолкарда ва мансабҳои муайян ба мӯҳлати 5 сол пешбинӣ шудааст”, – гуфт Исмоил Раҳматзода

Бино ба иттилои додгоҳи вилояти Суғд соли гузашта низ нисбати 18 нафар шаҳрванди Қирғизистон бо ҷурми убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷинояткорон ҷазо гирифта буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.