Даргузашти шарқшиноси маъруф Нағзибек Зардов

Шарқшинос ва тарҷумони забони арабӣ Нағзибек Зардов дар синии 63 солагӣ, шаби 30 июли соли равон дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод. ВКХ Тоҷикистон ба духтари марҳум Нигина Зардова, ки корманди ин ниҳод аст аст, ҳамдардӣ намуда, аз ҷумла қайд кардааст: "Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шарқшинос ва тарҷумони забони арабӣ Нағзибек Зардов дар синии 63 солагӣ, шаби 30 июли соли равон дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

ВКХ Тоҷикистон ба духтари марҳум Нигина Зардова, ки корманди ин ниҳод аст аст, ҳамдардӣ намуда, аз ҷумла қайд кардааст:

"Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми падари корманди худ Нигина Зардова – шарқшинос ва тарҷумони касбии забони арабӣ Нағзибек Зардов сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ ва таслияти амиқ изҳор мекунад".

То ба ҳол сабаби марги Зардов маълум нест. Марҳум солҳои охир дар Маскав зиндагӣ мекард ва тақрибан ду моҳ пеш Тоҷикистон омада буд.

Нағзибек Зардов соли 1958 дар деҳаи Жовид (ҳоло Ҷовидон)-и ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омада, мактаби миёнаро дар ҳамин деҳа хатм кардааст.

Соли 1975 ба факултаи шарқшиносии УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) шомил гардида, соли 1980 онро бо ихтисоси забони арабӣ ба поён расонидааст.

Ӯ ҳамчунин, донандаи хуби забонҳои инглисӣ, арабӣ ва русӣ буд.

Собиқаи беш аз 30 соли тарҷумонӣ дар кишварҳои Ховари Миёна аз ҷумла, Сурия ва Ироқу Либияро дошт.

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз марги ин шарқшиноси маъруф андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш дар ин мусибати сахт сабру шикебоӣ мехоҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.