Дар фурудгоҳи Душанбе таъмир сар шуд. Ҳавопаймоҳо танҳо шабона парвоз мекунанд

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иттилоъ медиҳад, ки бинобар иҷрои корҳои таъмирӣ дар хати парвозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  ва дар пайи ин баста шудани фурудгоҳ ба ҳангоми корҳои таъмирӣ (аз соати 8:00 то 19:00), ҳамаи парвозҳои ширкат шабона ва субҳгоҳӣ анҷом дода мешаванд. Дар саҳифаи ширкати ҳавопаймоӣ дар Facebook дар ин робита гуфта мешавад, мусофирони хатсайрҳое, […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иттилоъ медиҳад, ки бинобар иҷрои корҳои таъмирӣ дар хати парвозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  ва дар пайи ин баста шудани фурудгоҳ ба ҳангоми корҳои таъмирӣ (аз соати 8:00 то 19:00), ҳамаи парвозҳои ширкат шабона ва субҳгоҳӣ анҷом дода мешаванд.

Дар саҳифаи ширкати ҳавопаймоӣ дар Facebook дар ин робита гуфта мешавад, мусофирони хатсайрҳое, ки вақти парвозашон тағйир пазируфтаанд, пешакӣ огоҳонида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ бо рақамҳои зерин тамос гирифтан имкон дорад: +992 (93) 777 74 59; +992 (44) 640 40 49 ва +992 (44) 640 40 50; [email protected].

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова хабар дод, корҳои таъмир дар фурудгоҳ аз 1 август то 1 сентябри соли равон идома меёбанд.

Қобили зикр аст, ки пеш аз оғози корҳои таъмир аз Душанбе дар як шабонарӯз беш аз 15-16 ва баъзан зиёда аз 21 парвоз анҷом дода мешуд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба сар задани мавҷи дуввуми коронавирус дар кишвар, аз 2 июл вуруд ба бинои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои пешвозгирандагону гуселкунандагон муваққатан маҳдуд карда шуд. Ин тадбирҳо бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар байни аҳолӣ андешида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.