9-уми август – оғози мактаб барои хонандаҳои синфи 1. ИСЛОҲШУДА

Сар аз 9-уми август, хонандагоне, ки имсол ба синфи 1 мераванд, барои мутобиқшавӣ ба барномаҳои таълимӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар Эҳсон Сафарзода хабар дод. Субҳи имрӯз Сафарзода ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки давраи мутобиқшавии хонандаҳои синфи як аз 10-уми август оғоз мешавад. Аммо нусхае аз фармоиши вазири маориф […]

Сар аз 9-уми август, хонандагоне, ки имсол ба синфи 1 мераванд, барои мутобиқшавӣ ба барномаҳои таълимӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар Эҳсон Сафарзода хабар дод.

Субҳи имрӯз Сафарзода ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки давраи мутобиқшавии хонандаҳои синфи як аз 10-уми август оғоз мешавад. Аммо нусхае аз фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ин бора, дастраси  "Азия-Плюс" шуд, ки дар он оғози давраи мутобиқшавӣ аз 9-уми август то 20-уми август, яъне 10 рӯзи таълимӣ гуфта шудааст. 

Эҳсон Сафарзода гуфт, ки давраи мутобиқшавии мактабхонҳои синфи аввал 10 рӯз, то 20 август тӯл кашида, баъдан онҳо низ мисли хонандагони дигари мактабҳо 1 сентябр ба таҳсил оғоз мекунанд.

– Ҳар сол барномаи омодашавӣ аз 1 август шурӯъ мешуд, имсол бо дарназардошти пандемияи коронавирус ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки  аз 10 август оғоз шаванд. Акнун хонандагони синфи 1 аз 10 то 20 август давраи мутобиқшавӣ гузашта, мисли дигар хонаннадгон таҳсилро аз 1 сентябр оғоз мекунанд,-гуфт Сафарзода

Оғози соли таҳсил дар Тоҷикистон 1-уми сентябр аст. Соли гузашта ба далели ин ки дар анҷоми соли таҳсили 2019-2020 дар Тоҷикистон бемории ҳамагири вируси куруно хуруҷ карда буд ва мактабхонҳо қабл аз муҳлат ба таътили тобистона рафтанд, дарсҳо аз 17-уми август оғоз шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.