Хусрав Нозирӣ Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таъин шуд

Хусрав Нозирӣ аз  мақоми муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барканор ва Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таъин шудааст. Дар инбора торнамои президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Бар асоси иттилои манбаъ Нозирӣ бо ризояти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ин мақом таъин шудааст. Хусрав Нозирӣ дар гузашта […]

Asia-Plus

Хусрав Нозирӣ аз  мақоми муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барканор ва Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таъин шудааст. Дар инбора торнамои президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бар асоси иттилои манбаъ Нозирӣ бо ризояти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ин мақом таъин шудааст.

Хусрав Нозирӣ дар гузашта сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб буд.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки бо номи ECO маъруф аст, соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.

Қароргоҳи ин созмони минтақавии байнищукуматӣ дар шаҳри Теҳрони Эрон аст.
Тоҷикистон соли 1992 дар баробари Афғонистон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои ин созмон шуд.

Дар ҷаласаи 50-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1995 Қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо СҲИ қабул гардид ва сипас СҲИ мақоми нозирро дар СММ касб намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 
    

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.