spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Муҳаммадтақӣ Собирӣ: “Таъсири Фирдавсӣ бар адибону шоирони дигар шигарф аст”

Паёми ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, 14-уми майи соли 2020.

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.

Худованди ному Худованди ҷой,

Худованди рӯзидеҳу раҳнамой.

Дар гоҳшумори Эрон рӯзи 25-и урдибиҳишт (14-уми май) ба номи Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст. Ин муносибати фархундаро гиромӣ медорем ва ба тамоми алоқамандони ин ҳамосасарои бузурги эронӣ ва пири фарзонаи Тӯс, бавежа ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони тоҷик табрик мегӯям.

МЕДИА (YOUTUBE)

Бақо ва давоми забони порсӣ вомдори талошҳои арзандаи Фирдавсии бузург аст. Талоши вай дар ҳофизаи таърих нигориш шуда ва мероси Фирдавсӣ то ҳамеша мондагор хоҳад буд, чаро ки ба гуфтаи ӯ:

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Таъсири Фирдавсӣ бар адибону шоирони дигар шигарф аст. Ба ростӣ метавон гуфт, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ илҳомбахши бисёре аз осори ҳамосӣ дар адаби форсӣ будааст. Агар хуб ба жарфои “Шоҳнома” бингарем, мебинем, хирад ҷонмояи ин китоби арзишманд аст.

Чӣ хуш гуфта шоири ширинсухани тоҷик, бону Гулрухсор:

“Шоҳнома” сухан аст,

“Шоҳнома” хирад аст,

“Шоҳнома” адаб аст,

Адабе, к-аз самари сабзи дарахташ

Ҷовидон баҳра бигирем.

Ҳамеша саломату сарбаланду пирӯз бошед!

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...