Даҳҳо мусофири тоҷике, ки бояд тавассути Ӯзбекистон ба Русия сафар мекарданд, дар назди ҳукумати Панҷакент ҷамъ омадаанд

Субҳи имрӯз, даҳҳо нафар мусофироне, ки тариқи гузаргоҳи “Саразм” – “Ҷартеппа” дар минтақаи Панҷакент бояд ба Ӯзбекистон мерафтанду аз ин кишвар ба Русия парвоз мекарданд, дар назди бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент ҷамъ омадаанд.  Аксари ин мусофирони ҷамъшуда ҳама сокинони шаҳри Панҷакент буда, далели таҷаммуяшон, баста шудани гузаргоҳи мазкур мебошад, ки сар аз шаби 3-юми август тамоман баста […]

Хуршед Фозил, барои Asia-Plus

Субҳи имрӯз, даҳҳо нафар мусофироне, ки тариқи гузаргоҳи “Саразм” – “Ҷартеппа” дар минтақаи Панҷакент бояд ба Ӯзбекистон мерафтанду аз ин кишвар ба Русия парвоз мекарданд, дар назди бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент ҷамъ омадаанд. 

Аксари ин мусофирони ҷамъшуда ҳама сокинони шаҳри Панҷакент буда, далели таҷаммуяшон, баста шудани гузаргоҳи мазкур мебошад, ки сар аз шаби 3-юми август тамоман баста шудааст.

Пештар аз ин мусофироне, ки билети парвоз ба Русияро доштанд, метавонистанд аз ин сарҳад гузаранд, вале ба гуфтаи мусофирони бандмонда, аз дирӯз ин ҷониб сарҳадбонон убури марзро барои муҳоҷирон низ иҷозат надодаанд. Дар ҳамин ҳол, марзбонон далели иҷозаи надодани убури марзро низ ба мусофирон нагуфтаанд.

То кунун мақомоти шаҳри панҷакент, далели баста шудани марзро расман шарҳ надодаанд.

Бархе аз мусофирони ҷамъшуда мегӯянд, ки онҳо аз бонк қарз гирифта ба Русия рафтанӣ буданд. 

Баъди чанд соати интизорӣ дар назди ҳукумати шаҳрдории Панҷкенд, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба назди онҳо баромада, ваъда додааст, ки мушкили онҳоро баррасӣ мекунанд.

Ҳоло гуфта мешавад, ки бар пайи баста шудани марз, байни мусофирон ва ширкатҳои чиптафурӯшӣ нофаҳмие ба миён омадааст.
Аз Тоҷикистон,  ҳамарӯза садҳо  нафар тариқи  Ӯзбакистон ба Русия парвоз мекарданд, зеро арзиши чипта  ба маротиб аз Тоҷикистон арзон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.