Русия ба Тоҷикистон 50 ҳазор вояи “Спутник V” овард

Ваксинаи истеҳсоли Русия – “Спутник V” ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон оварда шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Ваксина аз 50 ҳазор воя (доза) иборат буда, бо ҳавопаймои махсуси Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия субҳи имрӯз ба Душанбе расонида шуд. Ваксинаҳо ба ихиёри Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ супорида шуданд. “Ин кумаки башардӯстонаи […]

Asia-Plus

Ваксинаи истеҳсоли Русия – “Спутник V” ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон оварда шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Ваксина аз 50 ҳазор воя (доза) иборат буда, бо ҳавопаймои махсуси Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия субҳи имрӯз ба Душанбе расонида шуд. Ваксинаҳо ба ихиёри Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ супорида шуданд.

“Ин кумаки башардӯстонаи Русия аст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров.

Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки “ҳоло маълум нест, ки ин ваксинаҳо дар куҷову чӣ гуна тақсим карда мешаванд”.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон шумораи зиёди одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд маҳз бо ваксинаҳои Русия эм карда шаванд. Аммо масъалаи расонидани "Sputnik V" ба ҳеҷ гунае роҳи ҳалли худро намеёфт.

Дар бораи харидории ин ваксина дар оғози соли ҷорӣ сарусадоҳо буд. Он замон Русия ба Тоҷикистон маълумотро оид ба ваксина барои омӯзиш пешниҳод кард. Дар моҳи апрел онҳо аллакай ба баррасии масъалаи таҳвил шурӯъ карданд. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо сарвазири Русия Михаил Мишустин хостори кумак дар таъмини Тоҷикистон бо ваксинаҳои русӣ шуд.

Аввали моҳи май Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар бораи интиқоли ройгони ин маводи доруворӣ аз Русия тавофуқ ҳосил намуданд. Дертар вазири умури хориҷии Русия Лавров дар мулоқот бо ҳамкасбаш Муҳриддин низ дар бораи таҳвилҳои ройгон ҳарф зада буд. Ин масъала дар мулоқоти вазирони тандурустии ду кишвар низ баррасӣ шуд.

"Спутник V" танҳо ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон барои ҳайати шахсии воҳиди ҳарбӣ ва коргарони кирошудаи мулкӣ оварда шуда, тибқи баъзе овозаҳо тақрибан 3 ҳазор воя барои эмкунии раҳбарияти кишвар низ ирсол гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаи “Азия-Плюс” дар Вазорати тандурустӣ, ин ҷо дар бораи интиқоли ройгон сухан намеравад.

“Русия ваксинаро ба мо ройгон намедиҳад, барои хариданаш бошад, пул надорем. Ҷиҳати харидани ваксина ба мо грантҳо дода мешаванд, аммо тибқи қоидаҳо бо он танҳо ба харидани ваксинае иҷоза мешавад, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ шудааст. Sputnik V то ҳанӯз маъқул дониста нашудааст Ба ин далел, ҳалли масъала ба таъхир меафтад», – гуфт манбаъ.

Вай илова намуд, ки имкон дорад ҷонибҳо – Тоҷикистон ва Русия – дар бораи дигар шартҳои дастрасӣ ба тавофуқ бирасанд: ё Русия ба мо як миқдори муайяни ваксинаро ҳамчун кумаки башардӯстона медиҳад, ё Тоҷикистон ба ҷуз ин грантҳо манбаи дигари маблағгузорӣ пайдо мекунад.

То ин дам аҳолии Тоҷикистон аз се навъи ваксина эм мегирад: AstraZeneca-и бритониёӣ, CoronaVac-и чинӣ ва Moderna-и амрикоӣ. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то ин дам ба Тоҷикистон ҳамагӣ 4 млн вояи ин ваксинаҳо ворид карда шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорат, то 11 август дар Тоҷикистон 1 млн 541  ҳазору 475  нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, то ин рӯз беш аз 130 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат бо вояи дуюми ваксина эм карда шудаанд.

Эмкунии оммавӣ бо ваксинаҳои зидди коронавирус дар Тоҷикистон аз 3 июл оғоз гардида, он барои аҳолии синни аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.