Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон меояд

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов нимаи моҳи сентябр ба шаҳри Душанбе ташриф меорад. Ӯ дар нишастҳои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба сифати меҳмони шахсан аз ҷониби сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватшуда иштирок мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои […]

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов нимаи моҳи сентябр ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.

Ӯ дар нишастҳои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба сифати меҳмони шахсан аз ҷониби сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватшуда иштирок мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон дар Душанбе ҳамзамон нишастҳои сарони кишварҳои аъзои СҲШ ва СААД баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки ҳайатҳои баландпояи 17 кишвари ҷаҳон, инчунин дабирони кулли СҲШ ва СААД барои иштирок дар нишастҳо дар Душанбе гирдиҳам меоянд.

Дар рӯзҳои баргузории нишастҳо маркази Душанбе барои ҳаракати нақлиёт қариб комилан баста шуда, дар пойтахт чораҳои шадиди амниятӣ андешида хоҳанд шуд.

Айни замон 8 кишвар – Русия, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви СҲШ мебошанд.

Давлатҳои нозир дар ин созмон Эрон, Беларус, Муғулистон, Афғонистон ва шарикони муколама – Арманистон, Непал, Озарбойҷон, Туркия, Камбоҷа ва Шри-Ланка мебошанд.

Ба ҳайати СААД Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.