Падару писару модар: Ҳамаи 6 нафаре, ки ба дарёи Панҷ сарозер шуданд, узви як хонавода буданд

Як манбаъи "Азия-Плюс" аз деҳаи Буғуши ноҳияи Ишкошим мегӯяд, ки ҳамаи онҳое, ки ҳангоми интиқоли мурда аз Душанбе дирӯз, бо мошини “Лексус” дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шудаанд, узви як хонавода буданд. Ба гуфтаи ҳамдеҳаҳои фавтидагон, ҳодиса замоне рух дод, ки сокинони деҳаи Буғуши Ишкошим Нисобегим Муродмамадова ҳамроҳи шавҳараш Тиллобеки Холдорбек, писарашон […]

Як манбаъи "Азия-Плюс" аз деҳаи Буғуши ноҳияи Ишкошим мегӯяд, ки ҳамаи онҳое, ки ҳангоми интиқоли мурда аз Душанбе дирӯз, бо мошини “Лексус” дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шудаанд, узви як хонавода буданд.

Ба гуфтаи ҳамдеҳаҳои фавтидагон, ҳодиса замоне рух дод, ки сокинони деҳаи Буғуши Ишкошим Нисобегим Муродмамадова ҳамроҳи шавҳараш Тиллобеки Холдорбек, писарашон Вафои Тиллобек ва хоҳарзодааш Руслани Шакар тобути модари Нисобегим – Баҳсбегим Аёмбековаро аз шаҳри Душанбе ба Деҳаи Бағуши ноҳияи Ишкошим мебурданд.

Ронанда ҳам яке аз наздикони узви ин оила- писари амаки Нисобегим Муродмамадова бо номи Шодибек Зераков будааст.

То ба ҳол, ҷасади ду нафар ва тобути зани фавтидаро пайдо кардаанд, вале тақдири се нафари дигар норавшан аст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи дирӯз, як мошини ҳомили 6 нафар сокини ноҳияи Ишкошим дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуда буд. Ин мошин ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз Душанбе ба ин ноҳия мебурд. Фоҷиаро дар суҳбат ба “Азия плюс” раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ Мусо Мирзозода таъйид кара буд.

– Ҳоло тобути зани фавтидаро ҳамроҳ бо ду нафар мусофир дарёфт карданд. Ҷустуҷӯи мусофирони дигар то ба ҳол идома дорад,-гуфта буд раиси ноҳия Мирзозода.

Мавсуф гуфт, ки ҳамаи кормандони масъул ба ҷои ҳодиса сафарбар шудаанд ва ҳодиса зери назорати шахсии раиси ВМКБ ва раисони ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим аст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то ба ҳол  ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.