Шикояти пайвандони боздоштшудагони куштори бераҳмонаи Ҷайҳун: онҳоро маҷбур ва шиканҷа карданд

Пайвандони ду шахси гумонбар ба куштани 4 узви як оила дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон иддао доранд, ки онҳо шиканҷа шудаанд ва эҳтимол зери фишор гуноҳро ба гардан бигиранд. Як маъмури милиса дар ноҳияи Ҷайҳун шикояти онҳоро беасос номид, аммо дар бораи парванда ҷузъиёт надодааст. Ҳоло бо гумони даст доштан дар ҳодиса Маҳмадғаюр Ҳабибуллоев ва […]

Радиои Озодӣ

Пайвандони ду шахси гумонбар ба куштани 4 узви як оила дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон иддао доранд, ки онҳо шиканҷа шудаанд ва эҳтимол зери фишор гуноҳро ба гардан бигиранд. Як маъмури милиса дар ноҳияи Ҷайҳун шикояти онҳоро беасос номид, аммо дар бораи парванда ҷузъиёт надодааст.

Ҳоло бо гумони даст доштан дар ҳодиса Маҳмадғаюр Ҳабибуллоев ва Қиёмуддин Насриддинов, сокинони ноҳияи Ҷайҳунро дастгир кардаанд. Вале на мақомот ва на наздиконашон дақиқ намегӯянд, ки чаро ангушти иттиҳом бар сари ин ду нафар қарор гирифт, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Адолат Шерматова, ҳамсари Қиёмиддин Насриддинов, ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омада, шикоят кард, ки маъмурони милиса аз ӯ хостаанд, ба зидди шавҳараш гап занад.

"Таъкид карданд, ба гардан гир, ки ҳамроҳи шавҳарат рафта, пушти дар нишастӣ ва дидӣ, ӯ ҳамин ҷиноятро кардааст. Дашном мекунанд, азоб медиҳанд, ки ба калла гир. Дар асл чизеро надидаам, шаби ҳодиса дар хонаи модарам будам", — нақл кардааст ӯ.

Ин дар ҳолест, ки Адолат Шерматова мегӯяд, “як дафъа бо шавҳарам рӯ ба рӯ карданд. Дар болои биниву даҳон ва пояш пайи латукӯб ҳаст. Куртааш дарида ва пур аз хун буд. Гуфт, ки ман ин корро накардаам".

Як корманди идораи умури дохилии ноҳияи Ҷайҳун бидуни зикри ном дар суҳбати телефонӣ шикояти наздикони гумонбаронро бепоя хондааст.

Қумрӣ Ҳайбуллоева, модари гумонбари дигар Маҳмадғаюр Ҳабибуллоев, изҳор доштааст, ки бо сабаби тангдастӣ натавонист барои ҳимоят аз ҳуқуқи фарзандаш вакили мудофеъ (адвокат) бигирад.

“Вале як бор бо ӯ дидор кардам. Писарамро дидам. Ҳар қадар пурсидам, мегӯяд, чизе нагӯед. Пас аз рафтани Шумо боз маро мезананд"”, – иброз доштааст зан.

Дар шарҳи ин ҳодиса чанде пеш додситонии Хатлон изҳор дошта буд, ки муовини якуми Додситони кулли Тоҷикистон бо гурӯҳи кории ин ниҳод ва мақомоти маҳалии вилояти ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, тафтишоти ин қазияи пурсару садоро комиссияи махсус тафтиш мекунад. Инчугнин зикр шуда буд, ки амалиёти тафтишотӣ махфӣ аст ва то муайян кардани ҳолати кор чизе хабар дода намешавад.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, рӯзи 4-уми август аз боздошти ду нафар хабар дод. Вай бе ин ки ҷузъиёт диҳад, гуфт, “онҳо фақат гумонбаранд, тафтишот давом дорад".

Пештар як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ВКД гуфта буд, Рамазон Раҳимзода аз кори гуруҳи тафтишотӣ танқид карда, супориши зудтар пайдо кардани гумонбаронро додааст.

Дар ҳамин ҳол, Зикриё, бародари Аҳлиддин Маҳмадови қатлшуда гуфтааст, нисбат ба боздоштшудаҳо шикояте накардаанд.

“То ба ҳол барои хонаводаашон маълум нест, ки дар ин ҷиноят кӣ даст дорад. Ба мо чизе нагуфтанд, аз ҳеч чиз хабардор нестем", – нақл кардааст Зикриё.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор12 июни соли равон дар деҳаи Тарғок (собиқ совхози ба номи Жданов)-и ноҳияи Ҷайҳун рух дод. Он замон бо табар ё ашёи дигари ба он монанд соҳибкор Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се писари ноболиғи 8, 13 ва 14-солаи ӯ кушта шуданд. Модари ин хонавода Латофат Азизова бо як писари 11-солааш тавонистанд, ки фирор кунанд ва дар беморхона баъди табобат солим шуданд. Қотилон бо мақсади аз байн бурдани изу осори ҷиноят хонаро оташ заданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.