ШКД ва додситонии Ҷайҳун: “Парвандаи қатли чор узви як хонаводаро додситонии вилоят пеш мебарад, аз он ҷо пурсед”

Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон мегӯяд, ки парвандаи қатли пурсарусадои чор узви як хонаводаро додситонии ин ноҳия таҳқиқ мекунад. Субҳи имрӯз як корманди масъули ШВКД-и ноҳияи Ҷайҳун ба “Азия-Плюс” дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки ҳама кор дар дасти додситонӣ аст ва аз он ҷо бипурсед. Аммо аз додситонии ин ноҳия мегӯянд, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон мегӯяд, ки парвандаи қатли пурсарусадои чор узви як хонаводаро додситонии ин ноҳия таҳқиқ мекунад. Субҳи имрӯз як корманди масъули ШВКД-и ноҳияи Ҷайҳун ба “Азия-Плюс” дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки ҳама кор дар дасти додситонӣ аст ва аз он ҷо бипурсед.

Аммо аз додситонии ин ноҳия мегӯянд, ки таҳқиқи ин ҳодиса ба ихтиёри Додситонии вилоят супурда шудааст ва тамоми ҷузъиёти ҳодиса ба дасти онҳост.

Ҳодисаи ба таври фоҷиавӣ куштани чор узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон субҳи 12 июн рух додааст, ки бино ба хабарҳои дарёфтӣ падари хонавода бо се фарзандаш бо табар ё олоти дигари монанд ба  таври бераҳмона кушта шудаанд.

Бо гузашти наздик ба се рӯз мақомоти қудратии Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ин ҳодисаро дар рӯзи ба вуқуъ омаданаш тасдиқ кард ва гуфта буд, ки баъдтар ҷузъиёти дигари ҳодисаро барои расонаҳо шарҳ медиҳад. Вале бо гузашти чанд рӯз ин ҳодиса то кунун расман шарҳ дода нашудааст.

Субҳи имрӯз ба “Азия-Плюс” дар ШВКД ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбати телефонӣ гуфтанд, ки ин парвандаро додситонии ноҳия пеш мебарад ва ҷузъиёти онро бояд аз он ҷо бипурсем. Дар ин ниҳод ҳамчунин гуфтанд, ки дертар занг бизанем яке аз муовини сардори ШВКД ҳодисаро шарҳ медиҳад, вале баъдтар тамос гирифтем, гуфтанд “мо чизеро намедонем” ва тамосро қатъ карданд.

Талошҳои мо барои ба даст овардани маълумот аз додситонии ноҳияи Ҷайҳун натиҷа надод. Аз додситонии ноҳия гуфтанд, ки парванда дар ихтиёри муфаттишони Додистонии вилояти Хатлон аст. Дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дар Додситонии вилоят ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки мо аз ин ҳодиса хабар надорем. 

Ҳамчунин дар замони таҳияи ин матлаб мо натавонистем, ки аз дафтари матбуоти ВКД маълумоте ба даст биоварем.

Дар ин ҳодиса падари хонавода бо се фарзанди ноболиғаш кушта шудаанд, сину соли фарзандонаш то 15-сола гуфта мешавад (Аксҳои ҳодиса ва ному насаби кӯдакони кушташуда ҳам дар ихтиёри "Азия-Плюс" ҳаст, вале ба далелҳои ахлоқӣ нашр намешаванд).

Аз падари хонавода Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ном бурда мешавад. Ин ҳодиса дар деҳаи Тарғоки совхози собиқи ба номи Жданов рух додааст. Модари ин хонавода бо як писари 11-солааш тавонистаанд, ки фирор кунанд ва ҳоло дар беморхона таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.

Ҳарчанд далелҳои сар задани ин куштор то кунун маълум нест, аммо бар асоси иттилое, ки мо аз яке аз наздикони ин хонавода, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ба даст овардем, ҳоло  мақомот се нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса дастгир кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.