Мусалмонони Тоҷикистон имсол ҳам ба Ҳаҷҷ намераванд

Подшоҳии Арабистони Саудӣ 12 июн эълон кард, ки имсол ба мусалмонони берунӣ адои маросими Ҳаҷҷ иҷоза намешавад. Адои маросими ҳаҷ танҳо ба мусалмонони синни аз 18 то 65-сола, ки дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунанду воксини  гирифтаанд ва дигар бемориҳои музмин надоранд, иҷоза дода мешавад. Хоҳишмандони адои маросими Ҳаҷҷ дар ин кишвар бояд дархости онлайнӣ пешниҳод намоянд. Дар хабари […]

Asia-Plus

Подшоҳии Арабистони Саудӣ 12 июн эълон кард, ки имсол ба мусалмонони берунӣ адои маросими Ҳаҷҷ иҷоза намешавад. Адои маросими ҳаҷ танҳо ба мусалмонони синни аз 18 то 65-сола, ки дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунанду воксини  гирифтаанд ва дигар бемориҳои музмин надоранд, иҷоза дода мешавад. Хоҳишмандони адои маросими Ҳаҷҷ дар ин кишвар бояд дархости онлайнӣ пешниҳод намоянд.

Дар хабари Вазорати Ҳаҷҷи ин кишвар гуфта мешавад, шумори умумии зойирин набояд аз 60 ҳазор нафар зиёд бошад.

Дар бораи қоидаҳои нав Вазорати умури ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ хабар дод. Дар иттилоияи расмии он зикр мегардад, ки ҳукумат “ҳамеша ба амният ва солимии зойирин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро афзалияти асосии худ мешуморад”.

Сухангӯйи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшин Муқим низ дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook навиштааст.

Маросими имсолаи Ҳаҷҷ аз 17 то 22 июл баргузор мешавад.

Соли дувум аст, ки бар асари ҳамагирии вируси куруно шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари мусалмонони кишварҳои дигар наметавонанд ба адои масросими Ҳаҷҷ бираванд.

Вуруд ба Арабистони Саудӣ барои хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон охии моҳи феврали соли 2020 бар асари хуруҷи сирояти коронавирус муваққтан манъ шуда буд.

Моҳи январи соли 2021 Арабистони Саудӣ хабар дод, ки ҳадди ақалл то 31 март сарҳадҳояш баста боқӣ мемонанд. Ин қарор дар робита ба зарурати пешгирии паҳншавии штамми нави ”бритониёӣ”-и коронавирус қабул шуд.

Ҳамасола дар мавсими ҳаҷ қариб 2,5 млн нафар мусалмонон аз саросари дунё барои иҷрои яке аз рукнҳои асосии ислом ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Дар Арабистони Саудӣ зиёда аз 460 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфта, беш аз 7,5 ҳазор нафар беморон бар асари он фавтиданд. Аз 1 август ҳукумат ваксина гирифтанро барои ворид шудан ба муассисаҳои давлативу хусусӣ ва фароғатӣ, инчунин истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ ҳатмӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.