“Освоконеюс”: 17 вилояти сарҳадӣ дар Афғонистон ба “Толибон” дода мешавад

Хабаргузории "Освоконеюс" бо такя ба як манбаи мувассақи худ дар Қатар хабар додааст, ки 17 вилояти сарҳадии Афғонистон ба гуруҳи Толибон супурда мешавад. Бино ба гузориши ин хабаргузорӣ, бар пайи як тафоҳум дар нишасте, ки Қатар ҷараён дорад,   вилояти сарҳадии Афғонистон ба гурӯҳи "Толибон" супурда мешавад ва бар пайи он отшбас ва пас аз он […]

Хабаргузории "Освоконеюс" бо такя ба як манбаи мувассақи худ дар Қатар хабар додааст, ки 17 вилояти сарҳадии Афғонистон ба гуруҳи Толибон супурда мешавад.

Бино ба гузориши ин хабаргузорӣ, бар пайи як тафоҳум дар нишасте, ки Қатар ҷараён дорад,   вилояти сарҳадии Афғонистон ба гурӯҳи "Толибон" супурда мешавад ва бар пайи он отшбас ва пас аз он ҳукумати муваққат/интиқолӣ ташкил хоҳад шуд, ки заминае барои як интихобот фароҳам шавад.  

Аммо манбаъ гуфтааст, ки эҳтимоли тағйир дар ин тафоҳум вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки қарор аст имрӯз дар Давҳаи Қатар оташбаси 6-моҳа миёни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон бо талошҳо ва подармиёнии Амрико ба имзо бирасад. 

Tolonews хабар медиҳад, ки сари ин тарҳ ҷонибҳо 95 дар сад тавофуқ кардаанд  ва ҳоло Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Қатар бо гуруҳи "Толибон" бар сари раиси ояндаи давлат гуфтугузор доранд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ се рӯз аст, ки дар Қатар қарор дорад ва пойтахти ин кишвар нишасти "Тройкои тавсеаёфта" бо ҳузури намояндаҳои Амрико, Русия, Чин, Покистон ва ҳайати ҳукумати Афғонистону гуруҳи Толибон идома дорад. 

Аммо то кунун дар ин бора ҳукумати расмии Кобул ё Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон чизе нагуфтааст.

Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки аз дирӯз изҳороти гуногуни мақомҳои хориҷӣ дар мавриди аз қудрат канор рафтани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон зиёд мешавад. 

Дирӯз, Имрон Хон нахуствазири Покистон ба хабарнигорон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки то даме Ашраф Ғанӣ сари мансаби президенти Афғонистон аст, ҳаракати тундгарои “Толибон” бо ҳукумати ин кишвар ба гуфтушуниди мусолиматомез нахоҳад пардохт.

Шоми дирӯз, расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои Амрико дар тамосҳои телефонии ҷудогона аз Ашраф Ғанӣ хостаанд, ки канор биравад то "Толибон" бар сари мизи музокирот биншинанд.

Аммо Ғанӣ то кунун ба ин дархостҳо посух надодааст ва ҳоло мушаххас нест, ки дар ин тавофуқномаи оташбас мавзуъи аз ҳукумат канор рафтани Ғанӣ мушаххас шудааст ё не.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

\

 

 

 

 

 

 

منبع موثق از قطر به #آسواکانیوز

طی یک تفاهم در قطر 17 ولایت سرحدی به طالبان سپرده میشوند که به تعقیب آن آتش بس و بعد آن حکومت موقت/انتقالی ایجاد خواهد شد تا زمینه برای یک انتخابات فراهم شود. احتمال تغیر در این تفاهم وجود دارد

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.