Насби лавҳаи хотирот бар сари қабри Гулназар Келдӣ

Имрӯз, 13 август  дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бар сари марқади шоири шинохта ва муаллифи матни Суруди милии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ лавҳаи хотирот гузоштанд. Дар ин бора муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ин лавҳаи хотирот бо ҳузури чеҳраҳои фарҳангиву адабӣ ва наздикону пайвандону алоқамандони осори шоири марҳум насб шудааст. […]

Имрӯз, 13 август  дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бар сари марқади шоири шинохта ва муаллифи матни Суруди милии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ лавҳаи хотирот гузоштанд. Дар ин бора муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ин лавҳаи хотирот бо ҳузури чеҳраҳои фарҳангиву адабӣ ва наздикону пайвандону алоқамандони осори шоири марҳум насб шудааст.

Номбурда гуфт, ки дар маросими ифтитоҳи лавҳаи хотирот раиси бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ, раиси ҷамоати деҳоти Дар-Дар – зодгоҳи Гулназар, адибону шоирон, хешону наздикон ва шогирдони устод ширкат ва суханронӣ карданд.

Бояд гуфт, ки имрӯз аз марги муаллифи матни Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ як сол пур мешавад. Ӯ соле пеш дар ҳамин рӯз дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе аз бемории  коронавирус фавтида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.