Насби лавҳаи хотирот бар сари қабри Гулназар Келдӣ

Date:

Имрӯз, 13 август  дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бар сари марқади шоири шинохта ва муаллифи матни Суруди милии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ лавҳаи хотирот гузоштанд. Дар ин бора муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ин лавҳаи хотирот бо ҳузури чеҳраҳои фарҳангиву адабӣ ва наздикону пайвандону алоқамандони осори шоири марҳум насб шудааст.

Номбурда гуфт, ки дар маросими ифтитоҳи лавҳаи хотирот раиси бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ, раиси ҷамоати деҳоти Дар-Дар – зодгоҳи Гулназар, адибону шоирон, хешону наздикон ва шогирдони устод ширкат ва суханронӣ карданд.

Бояд гуфт, ки имрӯз аз марги муаллифи матни Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ як сол пур мешавад. Ӯ соле пеш дар ҳамин рӯз дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе аз бемории  коронавирус фавтида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...