“Дача”-и Иттифоқи нависандагонро кӣ гирифт? Ҳукумат ё наздикони ҳукумат?

Бӯстонсарои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Варзоб ҷойгир буд, бо як қарори ҳукумат бозпас гирифта шудааст. Ин хабарро муовини раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, ба “Азия-Плюс” таъйид кард. Ӯ гуфт, ки ин як ҳафта пеш рух дод ва сабаби бозпас гирифтани бӯстонсаро аз Иттифоқи нависандагон калон будани масоҳати он ва аз уҳдаи таъмиру тармими он […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бӯстонсарои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Варзоб ҷойгир буд, бо як қарори ҳукумат бозпас гирифта шудааст. Ин хабарро муовини раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, ба “Азия-Плюс” таъйид кард.

Ӯ гуфт, ки ин як ҳафта пеш рух дод ва сабаби бозпас гирифтани бӯстонсаро аз Иттифоқи нависандагон калон будани масоҳати он ва аз уҳдаи таъмиру тармими он набаромадани ин созмони эҷодӣ аст.

– Он ҷойро бояд обод кард, инфрасохтори хуб бояд бошад. Аз ин рӯ, бо қарори Ҳукумат ин бӯстонсароро аз мо гирифтанд ва аз ҷойи он як бӯстонсарои майдатар ва муҷаҳҳаз бо тамоми шароит, дар 40 км болотар аз бӯстонсарои пешин доданд,-гуфт Ато Мирхоҷа.

Ӯ дар бораи тартиби гирифтани бӯстонсаро тариқи музояда изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки инро ҳукумат ҳал кардааст ва ба онҳо танҳо мактуб омадааст, ки тибқи қарори Ҳукумат бӯстонсарои пешини онҳоро гирифта, аз ҷои дигар бӯстонсарои нав доданд.

Аммо тибқи баъзе иттилооти тасдиқнашуда, бӯстонсарои Иттифоқи нависандагонро наздикони шахсони воломақоми ҳукумат гирифтаанд ва  акнун мехоҳанд дар ҷойи он истироҳатгоҳи нави муосири тиҷоратӣ бунёд кунанд.

Гуфта мешавад, ки дар баробар бӯстонсарои Иттифоқи нависандагон, ҳамчунин бӯстонсарои Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистонро, ки дар ҳамин ноҳияи Варзоб ва наздик ба истироҳатгоҳи Иттифоқ нависандагон мавқеият дорад, низ гирифта шудааст. Аммо дар Кумитаи телевизион ва радио ин иттилоъро рад карданд.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯйи Кумита гуфт, ки “ин хабарҳо асос надоранд”.

Бустонсарои Иттифоқи нависандагон дар гузашта яке аз бӯстонсароҳои маъруф ба ҳисоб мерафт ва дар он шоирону нависандагони машҳури кишвар истироҳат кардаанд ва ҳамчунин барои эҷоди асарҳо ба он ҷо барои чанд муддат рухсатии эҷодӣ мерафтаанд.

То замони нашри матлаб, ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки ҳақиқати аз сӯйи наздикони шахсони воломақоми ҳукумат гирифтани бӯстонсарои ин созмони эҷодиро дақиқ кунад.

Иттифоқи нависандагон дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд. Солҳои ахир, фарҳангиён ва фаъолони ҷомеа ин созмони эҷодиро барои ба сафи он пайвастани нафарони тасодуфӣ ва ҳамчуни надоштани истиқлоли фикриву ибтикори амал дар эҷоди асарҳое, ки баёнгари воқеияти ҷомеаи Тоҷикистон бошад, интиқод мекунанд.

Ин созмон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ раҳбарӣ кардаанд ва раиси ҳозираи он Низом Қоисм мебошад, ки даврони дувуми раёсати худро пушти сар мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.