Манбаъ аз Арги Кобул: Ашрафғанӣ ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафт

Саҷҷод Нуристонӣ, корманди дастгоҳи ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба "Азия-Плюс" хабар дод, ки Ашраф Ғанӣ аз мақоми раёсатҷумҳурии Афғонистон истеъфо дод ва ба Тоҷикистон рафт. Ба гуфти Нуристонӣ, ҳамроҳ бо Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғанӣ низ ба Тоҷикистон рафтанд. Ба гуфтаи Нуристонӣ, […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Саҷҷод Нуристонӣ, корманди дастгоҳи ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба "Азия-Плюс" хабар дод, ки Ашраф Ғанӣ аз мақоми раёсатҷумҳурии Афғонистон истеъфо дод ва ба Тоҷикистон рафт.

Ба гуфти Нуристонӣ, ҳамроҳ бо Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғанӣ низ ба Тоҷикистон рафтанд.

Ба гуфтаи Нуристонӣ, Ғанӣ аввал ба Тоҷикистон  ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафт, ки ҳоло маълум нест кадом кишвар аст.

 Ҳоло таъйиди расмии ин хабар дар Тоҷикистон барои "Азия-Плюс" муяссар нашудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, бо нашри як видео дар саҳфаи фейсбукаш фирори Ашраф Ғаниро таъйид кард ва аз ӯ ба унвони "раисҷумҳури собиқи Афғонистон" ном бурд.

Аммо Абдуллоҳ нагуфт, ки Ғанӣ ба кадом кишвар рафтааст, танҳо гуфт, ки "Худованд бо ҳамроҳаш муҳосиба (ҳисобу китоб) мекунад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.