Кобул Суқут кард. Абдуллоҳ, Карзай, Ҳикматёр шӯрои ҳомоҳангии интиқоли мусолиматомези Афғонистонро ташкил доданд

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон бо нашри як изҳорот дар саҳфаи расмии расмияш дар Фейсбук, хабар дод, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ аз кишвар, Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли мусолиматомез дар Афғонистон ташкил шудааст. Бино ба ин изҳороти Карзай, дар раъси ин шӯро, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр, раиси ҳизби исломии Афғонистон ва […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон бо нашри як изҳорот дар саҳфаи расмии расмияш дар Фейсбук, хабар дод, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ аз кишвар, Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли мусолиматомез дар Афғонистон ташкил шудааст.

Бино ба ин изҳороти Карзай, дар раъси ин шӯро, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, Гулбиддин Ҳикматёр, раиси ҳизби исломии Афғонистон ва Ҳомид Карзай қарор доранд.

Каразй дар ин изҳорот мегӯяд, ки ин шӯро "ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳарҷу марҷ ва коҳиши дарду ранҷи мардум ҷиҳати ҳарчи беҳтари идораи умури сул ва интиқоли мусолиматомез" ташкил шудааст.

Тибқи баъзе хабарҳо ҳоло Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон дар дасти неруҳои амрикоӣ аст ва амрикоиҳо неруҳои амниятӣ ва нигаҳбонии Ашраф Ғаниро мунҳал ва ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд.

Бино ба изҳороти Карзай, ин "Шӯро аз неруҳои амниятии ҳукумат ва неруҳои амниятии таҳрики исломии Толибон мехоҳад, ки  бо ҳифзи хештандорӣ ҷилави даргириҳо, ҳарҷу марҷу таҳрикоти афроди мусаллаҳи ғайри масъул ва ғайримуртабитро қотеъона бигирад".

Ташкили ин шӯро дар ҳолест, ки раҳбарии "Толибон" гуфтанд, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ, ба неруҳояшон дастур доданд, ки ба Кобул ворид шаванд ва пеши роҳи дуздиву ҳарҷу марҷро бигиранд ва вазъиятро котрол кунанд.

Толибон дар як баёния аз неруҳояшон хостаанд, ки вориди Кобул шаванд ва вазъиятро таҳти контрол бигиранд.

Ба иттилои BBC Dari Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, азбаски нирӯҳои амниятӣ қисматҳои шаҳри Кобул ва гузаргоҳҳои онҳоро тарк кардаанд, нирӯҳои Толибон барои пешгирии бесарусомонӣ ва ғорат ба ин минтақа ворид мешаванд.

Толибон дар ин баёния аз мардум даъват кардаанд, ки аз Толибон натарсанд ва ҳарос надошта бошанд. 

Ашраф Ғанӣ раисҷумуҳури Афғонистон, имрӯз бидуни эълони истеъфояш Афғонистонро тарк кард. Як манбаъ аз Арки Кобул ба "Азия-Плюс" гуфт, ки Ғанӣ аввал ба Тоҷикистон ва сипас ба кишвари сеюм рафт.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.