Оё шумораи фавт аз COVID-19 зиёд шуда истодааст?

Бо вуҷуди он ки дар замони мавҷи дуввуми бемории коронавирус сарусадо дар бораи фавтидагон аз ин беморӣ зиёд ба  нашр мерасад, масъулини яке аз калонтарин қабристонҳои пойтахт – “Сари Осиё” мегӯянд, дар як рӯз танҳо як ё баъзе рӯз ду нафарро дафн мекунанду халос. Сардори оромгоҳи мазкур Баҳодур Сафарав мегӯяд, дар замони мавҷи дуввуми коронавирус […]

Мазҳаб Ҷумъа, Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Бо вуҷуди он ки дар замони мавҷи дуввуми бемории коронавирус сарусадо дар бораи фавтидагон аз ин беморӣ зиёд ба  нашр мерасад, масъулини яке аз калонтарин қабристонҳои пойтахт – “Сари Осиё” мегӯянд, дар як рӯз танҳо як ё баъзе рӯз ду нафарро дафн мекунанду халос.

Сардори оромгоҳи мазкур Баҳодур Сафарав мегӯяд, дар замони мавҷи дуввуми коронавирус ҳам талаботи мардум мисли 10-15 соли пеш аст ва дар ин давра касеро бо бемории коронавирус дафн накардаанд.

 Аммо яке аз қабрканҳои оромгоҳ Нодир Валиев, ки тӯли ду сол  дар ин оромгоҳ фаъолият дорад, мегӯяд, рӯзе мешавад, ки ҳатто то 4 қабр меканад ва ҳатто қабрҳоро пешакӣ ҳам канда мемонанд.

Соле қабл баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе бо нашри наворе дар Интернет аз селофанпеч шудани чанд қабри нав дар оромгоҳҳои пойтахт нигаронӣ карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ин мазори қурбониёни COVID-19 аст. Вале мақомот ин иддаоро рад карда, гуфтанд, ки он танҳо бо ҳадафи муҳофизати гӯрҳо аз боду борон асту бас. Ин суханонро Баҳодур Сафаров ҳам зикр кард, вале гуфт, ин чиз 20-30 сол пеш ҳам буд.

Рабизода Соҳиби Ғиёс аз раёсати оромгоҳҳои шаҳр  мегӯяд, дар Душанбе 5 қабристони қонунӣ амал мекунад ва дар як моҳ дар ҳамаи онҳо ҳамагӣ 25-30 нафар  ба хок супурда мешавад. Вале тавре ба назар мерасад, шумораи фавтидагон дар рӯзҳои охир бамаротиб зиёдтар аст.

Тибқи иттилои расмӣ дар 6 моҳи соли 2021 дар 5 қабристони қонунии шаҳри Душанбе ҳамагӣ 302 нафар гуронида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.