“Дар онлайн ҷаласаҳо духтурон маро медиданд”. Вазири тандурустӣ лату кӯбашро аз ҷониби хоҳарзодаҳои президент рад кард

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода хабарҳо дар мавриди лату кӯбашро аз сӯйи хоҳарзодаҳои раисҷумҳури Тоҷикистон рад кард. Ӯ зимни суҳбати видеоии худ бо нашрияи расмии ҳукумати кишвар – “Ҷумҳурият” гуфт, ки ин овозаҳо барояш ғайриинтизор буданд.Вай дар идома гуфт, ки паҳкунандагони чунин овозаҳо лоиқи вокуниш нестанд. – Ҳамонҳое, ки чунин овозаҳоро […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода хабарҳо дар мавриди лату кӯбашро аз сӯйи хоҳарзодаҳои раисҷумҳури Тоҷикистон рад кард.

Ӯ зимни суҳбати видеоии худ бо нашрияи расмии ҳукумати кишвар – “Ҷумҳурият” гуфт, ки ин овозаҳо барояш ғайриинтизор буданд.Вай дар идома гуфт, ки паҳкунандагони чунин овозаҳо лоиқи вокуниш нестанд.

– Ҳамонҳое, ки чунин овозаҳоро паҳн карданд, бояд мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки ман замони дар сафари корӣ қарор доштанам, дар ҷаласаҳои ситоди вазорат тариқи онлайн иштирок мекардам. Ин ҷавоб ба онҳое аст, ки дар расонаҳо нисбати ман овозаҳо паҳн мекарданд. Тамоми роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, ки дар ситод ширкат доштанд, маро медиданд,- мегӯяд вазири тандурстии кишвар.

https://www.youtube.com/watch?v=l21LE3kQjQ0?t=1425

Аз ин пештар, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода лату кӯб шудани Ҷамолиддин Абдуллозодаро таъйид накарда буд.Ӯ дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфта буд дар ин бора якумбор мешунавад. “То кунун арзу шикояте ворид нашудааст. Мо ҳам аз интернет хондем, аммо ягон гапе нест", – гуфта буд Раҳимзода.

Ёдовар мешавем, дар охири моҳи июл Радиои “Озодӣ” хабар дода буд, ки вазири тандурустӣ рӯзи 20-уми июл аз сӯи се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон латукӯб шуд. Ба иттилои зиёда аз панҷ манбаъи Радиои Озодӣ, Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо баъди фаҳмидани марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова ба пизишкон, аз ҷумла вазири тандурустӣ ҳамла кардаанд. Норозигии онҳо гӯё замоне сар задааст, ки пизишкони хориҷӣ гуфтаанд, шеваи табобати хоҳари президент дар беморхонаи ҳукуматӣ нодуруст аст.

Мувофиқи хабаре, ки ин манбаъ расонаӣ карда буд, дар ин муноқиша ҷоғи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ осеб дида, Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент аз сараш зарб хӯрда буд.

Баъдан, Вазорати тандурустӣ ин хабарро рад карда гуфта буд, Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафари корӣ ба Русия рафтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.