Вазири корҳои хориҷии Олмон барои баррасии вазъи Афғонистон ба Душанбе меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Хайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбе, 29 август ҷиҳати баррасии вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Покистон раҳсипор мегардад, хабар медиҳад Reuters. Вазири корҳои хориҷии Олмон Хайко Маас ҷиҳати баррасии вазъ дар минтақа ба кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон – Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Покистон, инчунин Туркия ва Қатар сафар мекунад. […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Олмон Хайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбе, 29 август ҷиҳати баррасии вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Покистон раҳсипор мегардад, хабар медиҳад Reuters.

Вазири корҳои хориҷии Олмон Хайко Маас ҷиҳати баррасии вазъ дар минтақа ба кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон – Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Покистон, инчунин Туркия ва Қатар сафар мекунад.

Тавре хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад, ӯ ният дорад ба тавофуқ бирасад, ки дар ин кишварҳо ба афғонҳои хоҳиши кӯчидандошта ҳуҷҷат диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи чӣ гуна кумак расонидан ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷониби Олмон дар рафъи оқибатҳои тағйирот дар Афғонистон дар меҳвари мулоқотҳо қарор хоҳад дошт.

"Сари он сухан хоҳад рафт, ки мо – ҷомеаи ҷаҳонӣ бо воқеиятҳои нав дар Афғонистон чӣ гуна муносибат хоҳем кард ва бо кадом шартҳо омодаем бо ҳукумати нав созиш кунем", – гуфт ӯ рӯзи панҷшанбе дар Берлин.

Ба гуфтаи Маас, ба сафоратхонаҳои Олмон дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон "дастур дода шудааст, ки ба ҳамаи кормандоне, ки дар маҳал кироя шудаанду аллакай санади тасдиқи кӯчиданро доранд, ҳуҷҷатҳои хуруҷ дода шавад".

Маас илова кардааст, ки вай инчунин аз Туркия ва Қатар боздид хоҳад кард, чун дар ин масъала онҳо "нақши муҳим доранд".

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.