Имсол 240 ҳазор нафар ба синфи 1 мераванд

Date:

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар  имсол 240 ҳазор нафар ба синфи 1 мераванд. Ҳамчунин аз ин ниҳод гуфтанд, ки ба фарқ аз солҳои пешин, имсол “Дарси сулҳ” тариқи телевизионҳои кишвар ба таври зинда нашр намешавад.

Тавре гуфта мешавад, пагоҳ, 1 сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе мегузаронад.

– “Рӯзи дониш” фавран бо дарсҳо оғоз мешавад, на аз тамошои оммавии пахши мустақими телевизионӣ дар муассисаҳоии таълимии кишвар. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Гимназияи рақами 4 -и шаҳри Душанбе ширкат карда, бо омӯзгорон ва хонандагони мактаб мулоқот хоҳад кард", – гуфт манбаъи мо.

Ба гуфтаи манбаъ, имсол тибқи маълумоти пешакӣ тақрибан 240 ҳазор кӯдак ба синфи 1 мераванд.

Ҳамасола 1 сентябр дар Тоҷикистон бо "Дарси сулҳ" оғоз меёбад. Дар ин дарс устодону шогирдон суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз яке аз мактабҳои тозабунёдшуда  нашр мешуд, тариқи телевизионҳо гӯш мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...