Толибон: ҳукумати нав ду рӯз баъд эълон мешавад, аммо аз ҳукумати собиқ касе нахоҳад буд

Толибон эълон кардаанд, ки то ду рӯзи дигар ҳукумати навашонро эълон мекунанд. Аммо ин гурӯҳ гуфтааст, ки дар ҳукумати нав аз мақомоти аршади ҳукумати собиқ касе ҳузур нахоҳад дошт.  Аббос Истонкзай муовини раиси дафтари сиёсии Толибон гуфтааст, ки  кор барои ташкили ҳукумати ҷадид дар ҷараён аст ва онҳо бо гурӯҳҳои сиёсии мухолиф гуфтугӯҳое доштаанд. Ӯ дар […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Толибон эълон кардаанд, ки то ду рӯзи дигар ҳукумати навашонро эълон мекунанд. Аммо ин гурӯҳ гуфтааст, ки дар ҳукумати нав аз мақомоти аршади ҳукумати собиқ касе ҳузур нахоҳад дошт. 

Аббос Истонкзай муовини раиси дафтари сиёсии Толибон гуфтааст, ки  кор барои ташкили ҳукумати ҷадид дар ҷараён аст ва онҳо бо гурӯҳҳои сиёсии мухолиф гуфтугӯҳое доштаанд.

Ӯ дар як мусоҳиба бо Мирвайс Ёсинӣ, хабарнигори  BBC дар Давҳа гуфтааст, ки намояндагони онҳо бо Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури собиқ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ ва Гулбиддин Ҳикматёр раҳбари ҳизби исломии Афғонистон машвараҳое кардаанд.

Аммо Истонкзай гуфтааст, ки ин гуфтугӯҳо маънои онро надорад, ки  ин афрод ҳатман дар ҳукумати оянда саҳм хоҳанд гирифт. Ӯ гуфтааст, ки ҳукумати ҷадид "афғоншумул" хоҳад буд.

 Муовини дафтари сиёсии Толибон дар мавриди нақши занон гуфта, ки онҳо низ дар ҳукумати ҷадиди Толибон саҳм хоҳанд дошт ва метавонанд пас аз ташкили ҳукумат ба кори худ баргарданд. Аммо ӯ таъкид кардааст, ки мушаххасан наметавонанд бигӯяд занон вазифаҳое дар сатҳи болоро ишғол хоҳанд кард ё не.

Ӯ гуфта заноне, ки "ҳиҷоби исломӣ ва анъаноти афғонӣ"- ро риоят кунанд, дар ҷомеа, мактаб ва донишгоҳ бо ҳеҷ мушкиле рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.