Дар ним сол буҷаи Тоҷикистон 6,5% барзиёд иҷро шуд

Ҳаҷми умумии даромадҳо ба Буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли равон ба зиёда аз 15,4 млрд сомонӣ (беш аз 1,3 млрд доллар) баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда 5,1% ё қариб 783 млн сомонӣ (69 млн доллар) зиёд аст. Даромади буҷет аз ҳисоби сарчашмаи асосӣ – пардохти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии даромадҳо ба Буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли равон ба зиёда аз 15,4 млрд сомонӣ (беш аз 1,3 млрд доллар) баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда 5,1% ё қариб 783 млн сомонӣ (69 млн доллар) зиёд аст.

Даромади буҷет аз ҳисоби сарчашмаи асосӣ – пардохти андозҳо барзиёд иҷро шудааст, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумӣ 70%-ро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 65%-и даромадҳо аз пардохти андоз аз ҳисоби се андози асосӣ ба вуҷуд меояд: ААИ, андоз аз даромад ва андоз аз фоида.

Мақомоти андоз зиёдшавии воридоти маблағро ба буҷет ба "афзоиши иқтисоди кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар шудани маъмурият ва хидматрасонӣ ба андозсупорандагон ва назорати босифат" рабт медиҳанд.

Ҳамчунин, рақамисозии мақомоти андоз, тавсеа ва такмилу беҳбуди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон ва ғайра зикр мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввал буҷет ба андозаи 6,5% ё худ қариб 810 млн сомонӣ (зиёда аз 70 млн доллар) зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда иҷро шуд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир иҷрои нақшаи пешбинишудаи буҷети ҷумҳурӣ мунтазам таъмин намешуд ва маблағҳои камбуд аз даромад маъмулан охири сол аз ҳисоби кумакҳои сарпарастони байнулмилалӣ рӯйпӯш карда мешуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.