Таассуфи раиси парлумони Аврупо аз кишварҳои ИА барои худдорӣ аз қабули гурезаҳои афғон

Раиси парлумони Аврупо Дэвид Сассоли изҳори таассуф кард, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) намехоҳанд паноҳандагонро аз Афғонистон қабул кунанд. Дар форум оид ба амнияти стратегӣ, ки дар Словения ҷараён дорад, ӯ чунин изҳори назар кард, менависад Российская газета. "Аз қарори дирӯзаи Шӯрои ИА оид  корҳои дохилӣ ноумед шудам. Мо бисёр кишварҳо берун аз ҳудуди Иттиҳоди […]

Asia-Plus

Раиси парлумони Аврупо Дэвид Сассоли изҳори таассуф кард, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) намехоҳанд паноҳандагонро аз Афғонистон қабул кунанд. Дар форум оид ба амнияти стратегӣ, ки дар Словения ҷараён дорад, ӯ чунин изҳори назар кард, менависад Российская газета.

"Аз қарори дирӯзаи Шӯрои ИА оид  корҳои дохилӣ ноумед шудам. Мо бисёр кишварҳо берун аз ҳудуди Иттиҳоди Аврупоро дидем, ки паноҳҷӯёни афғонро қабул ва аз онҳо истиқбол намуданд, аммо ягон кишвари Иттиҳоди Аврупо чунин намекунад. Ҳама танҳо дар бораи афроде ва аҳли оилаи онҳое (афғонҳо – эзоҳи “РГ”) фикр мекунанд, ки бо мо кор мекарданд, аммо касе ҷуръат намекунад ба ҳамаи онҳое паноҳ диҳад, ки ҳаёташон ҳоло ҳам дар хатар аст”, – изҳор намудааст Сассоли.

Ба гуфтаи ӯ, Брюссел наметавонад вонамуд кунад, ки вазъ дар Афғонистон ба он марбут нест, зеро ИА дар маъракаи низомии ИМА дар ин кишвар ширкат карда, аз ҳадаф ва вазифаҳои он ҳимоят мекард.

Вай инчунин зикр кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо аз вазъи кунунӣ, ки дар тақвияти қудрати ниҳодҳои иттиҳод ифода меёбанд, бояд сабақ омӯзад.

Ин метавонад, масалан, тавассути гузаштан ба низоми қабули қарорҳои сиёсати хориҷӣ дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бо роҳи овоздиҳӣ ва аксарияти овозҳо, на бо расидан ба созиши умумӣ сурат гирад.

Сассоли инчунин даъват кард, ки ба тавсеаи ҳайати Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои Балкани Ғарбӣ суръат бахшида шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.