Толибон аз ҳукумати Тоҷикистон дархост намуданд, ки ба умури Афғонистон дахолат накунад

Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари ҳукумати аз ҷониби ҳаракати “Толибон” таъсисёфта Абдул Ғанӣ Бародар изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба умури дохилии кишвар дахолат мекунад, хабар медиҳад РИА Новости. Толибон зикр кардаанд, ки 1000 ҷангиёни неруҳои таъиноти махсусро ба вилояти Тахор дар наздикии марз бо Тоҷикистон фиристодаанд. "Даҳҳо воҳидҳои махсуси Амороти исломӣ ва даҳҳо ҳазор хизматчиёни неруҳои […]

Asia-Plus

Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари ҳукумати аз ҷониби ҳаракати “Толибон” таъсисёфта Абдул Ғанӣ Бародар изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба умури дохилии кишвар дахолат мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Толибон зикр кардаанд, ки 1000 ҷангиёни неруҳои таъиноти махсусро ба вилояти Тахор дар наздикии марз бо Тоҷикистон фиристодаанд. "Даҳҳо воҳидҳои махсуси Амороти исломӣ ва даҳҳо ҳазор хизматчиёни неруҳои таъиноти махсус дар Тахор ҷойгир карда шуданд", – навиштааст дар Twitter намояндаи ҳаракат Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.

Ба гуфтаи намояндаи Толибон, ин тадбир баҳри бартараф намудани таҳдидҳои амният рӯйи даст гирифта шудааст.

“Мо мехоҳем, ки Тоҷикистон ба умури дохилии мо дахолат накунад. Мо мехоҳем бо онҳо муносибатҳои хуб дошта бошем, аммо дахолати як кишвар ба корҳои дохилии ҳамсояаш наметавонад ба манфиати касе хидмат кунад … Барои ҳар амал аксуламал пайдо мешавад", – гуфтааст муовини раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдул Салом Ҳанафӣ дар барномаи шабакаи телевизиони “Ал-Ҷазира”.

Намояндаи ҳаракат изҳор доштааст, ки Афғонистон мехоҳад бо Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона барқарор кунад, аммо дахолати як тараф ба умури дохилии ҳамсояи худ наметавонад ба таҳкими равобит хизмат кунад.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки ҳукумати нави Афғонистон ба таҳкими муносибатҳо бо Пекин умедвор аст, менависад хабаргузории REGNUM.

“Умедворем, ки Чин ҳамчун ҳамсояи мо ва узви доимии Шӯрои амнияти СММ дар Афғонистони нав нақши мусбат ва муҳим хоҳад бозид”, – гуфтааст Ҳанафӣ.

Ҳанафӣ инчунин аз сармоягузорони саросари ҷаҳон даъват кардааст, ки ба татбиқи лоиҳаҳои худ дар Афғонистон шурӯъ кунанд ва илова намудааст, ки ҳадафи Толибон бунёди муносибатҳо дар асоси эътимоди мутақобила бо тамоми ҷомеаи байналмилалӣ аст, аз ҷумла бо ИМА.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.