Толибон ҷасадҳоро дар майдони асосии Ҳирот овезон карданд

Дар майдони асосии шаҳри Ҳирот толибон чор ҷасади мардонро овезон карданд. Онҳоро ба воситаи кранҳои борбардор овезон кардаанд. Тавре хабаргузории ВВС иттилоъ медиҳад, ин мардонро дар одамрабоӣ муттаҳам донистаанд. Як сокини маҳаллӣ, корманди дорухона гуфтааст, толибон чор ҷасадро ба майдон оварда, як ҷасадро дар марказ овехтаанд ва се ҷасади дигарро барои ба маърази ом гузоштан […]

Дар майдони асосии шаҳри Ҳирот толибон чор ҷасади мардонро овезон карданд. Онҳоро ба воситаи кранҳои борбардор овезон кардаанд.

Тавре хабаргузории ВВС иттилоъ медиҳад, ин мардонро дар одамрабоӣ муттаҳам донистаанд.

Як сокини маҳаллӣ, корманди дорухона гуфтааст, толибон чор ҷасадро ба майдон оварда, як ҷасадро дар марказ овехтаанд ва се ҷасади дигарро барои ба маърази ом гузоштан ба дигар қисматҳои шаҳр бурдаанд, хабар медиҳад Associated Press.

Ба қавли як шоҳиди ҳодиса, дар майдон толибон эълон кардаанд, ки ҳамаи чор нафари кушташуда барои гӯё одамрабоӣ аз ҷониби кормандони пулис дастгир ва кушта шудаанд.

Сардори пулиси аз ҷониби Толибон таъиншудаи ноҳия изҳор доштааст, ки толибон падару писарро, ки гӯё чор нафар пас аз тирпаронӣ рабуда бошанд, наҷот додаанд. Ба гуфтаи ӯ, узви Толибон ва як шаҳрванди мулкӣ аз ҷониби одамрабоён захмӣ шудаанд.

Муовини волии Ҳирот зикр кардааст, ки ҷангиёни Толибон одамрабоёни эҳтимолиро пайгирӣ ва куштаанд.

“Ҷасадҳои онҳоро дар майдонҳои Ҳирот овезон кардем, то ки ба дигар одамрабоён дарси ибрат шавад”, – иброз доштааст ӯ.

Расонаи Aamaj News-и Афғонистон навори мошинҳоеро бо кранҳои борбардор нашр кардааст, ки дар онҳо ҷасади кушташудагон овезон аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.